Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар фурӯшгоҳи "Олами китоб"-и шаҳри Душанбе



Сайидқосими Қиёмпур

Бар асари инфиҷор дар фурӯшгоҳи мазкур рӯзи панҷшанбе ду шаҳрванд ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳ нафар захмӣ гардид.

Рӯзи панҷшанбе, дар соати 4-и баъди нимирӯзӣ дар фурӯшгоҳи "Олами китоб", ки дар майдони ба номи Садриддини Айнӣ воқеъ аст, таркиш ба амал омада, дар асари он ду шаҳрванд ба ҳалокат расид ва зиёда аз даҳ нафар захмӣ гардид. Ҷонишини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдусаттор Раҷабов гуфт, эҳтимол ин вуҷуд дорад, ки таркиш на амали террористӣ, балки ҳодисаи фаннӣ бошад. Вай аз шарҳи воқеъа то анҷом ёфтани пажӯҳиш худдорӣ намуд. Фурӯшгоҳи мазкур асосан ба тоҷирони Афғонистонӣ ба иҷора дода шудааст.

XS
SM
MD
LG