Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкор шудани боз ду махфигоҳи силоҳ дар Тоҷикистон



Соҷидаи Мирзо

Хадамоти марзбонии Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани боз ду махфигоҳи силоҳу лавозимоти ҷангӣ иттилоъ дод. Ин анборҳо дар навоҳии Хатлон, ҳаммарз бо Узбакистон ва Турсунзода, ки он низ бо Узбакистон сарҳади муштарак дорад, пайдо шуданд.

Хадамоти марзбонии Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани боз ду махфигоҳи силоҳу лавозимоти ҷангӣ иттилоъ дод. Ин анборҳо дар навоҳии Хатлон, ҳаммарз бо Узбакистон ва Турсунзода, ки он низ бо Узбакистон сарҳади муштарак дорад, пайдо шуданд. Ба гуфтаи хадамоти амниятӣ аз оғози сол, 11 чунин махфигоҳҳо кашф шудаанд. Афзоиши чунин ҳаводис пешгуиҳоро дар мавриди ташануҷи эҳтимолӣ ва низоъҳои тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар мекунад.

Дар ҳамин ҳол, рузи ҷумъа дабири кулли Шурои Амнияти Дастаҷамъии Кишварҳои Муштаракулманофеъ Валерий Николаенко бо мақсади баррасии вазъи амнятии Осиёи Марказӣ сафари худро ба Бишкек пойтахти Қирғизистон шуруъ кард. Мавзуъи аслии дидору гуфтугуи у бо мақомоти Қирғизистон аз таҳкими чораҳои амниятии минтақа дар чаҳорчуби созишномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз чумла таъсиси нируи зудамали ҳарбӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG