Пайвандҳои дастрасӣ

Оё мардикорӣ роҳи ягонаи ҳалли бӯҳрони бекории ҷавонон дар Тоҷикистон аст?



Холидаи Қодир

Тибқи маълумоти мақомоти ҷумҳурӣ, ҳудуди 70 дар сади аҳолии Тоҷикистон поинтар аз 35 сол доранд, яъне бахши бузурги аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Муҳимтарин проблемаи онҳо бекорӣ ва набудани оиди муназзам аст.

Имрӯз яке аз проблемаҳои муҳимтарини ҷавонон бекорӣ аст. Набудани ҷои кор ва даромад ба тарзи зиндагӣ, рӯҳия, тафаккур ва фарҳанги ҷавонон таъсир гузоштааст. Онҳое ҳам, ки ҷои кор доранд , ба сурати умум, чандон маоше ба даст намеоваранд, ки барои пешбурди зиндагии дуруст кофӣ бошад. Ҳамсӯҳбати мо, мутахасси ҷавоне, ки дар яке аз вазоратхонаҳои давлатӣ кор мекунад, мегӯяд, ки маоши болотар аз моҳонаи миёнаи расмиро ба даст меоварад, вале зиндагиашро бо ҳисобу китоб пеш мебарад, танҳо хӯрок ва ашёи заруртаринро мехарад.

Чунин вазъи бекориву бепулӣ ба боло рафтани теъдоди ҷиноят дар кишвар мусоидт мекунад. Бахше аз ҷавонон ба тиҷорати маводи мухаддира даст задаанд. Теъдоди истеъмолкунандагони нашъаву ҳируин низ афзоиш меёбад. Як бахши бузурги ҷавонони болотар аз синни 16 роҳи ҳалро дар мардикорӣ дар шаҳрҳои Русия меҷӯянд ва аз аввали баҳор то ба шурӯъи зимистон барои кори сохтмону ҳаммоливу боркашӣ ба Русия мераванд. Вале оё ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора чӣ назар дорад? Абдувоҳид Шамолов, муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумат мегӯяд, ки барои ҳалли масъалаи бекорӣ онҳо биржаи меҳнатро ташкил додаанд. Ин биржаҳо ҷавонони бекорро рӯихат мекунанд ва тибқи қарордодҳое, ки бо вилоятҳои гуногуни Русия доранд, онҳоро ба навъе, мардикории расмӣ ба он ҷумҳурӣ мефиристанд. Як бахши дигар дар дохили кишвар дар соҳаи кишоварзӣ бо кор таъмин карда мешавад. Ҷолиб аст, ки ҳам худи ҷавонон ва ҳам кумитаи марбутаи назди ҳукумат низ роҳи бартараф кардани бекории ҷавононро дар мардикорӣ дар Русия мебинанд. Гуфта мешавад, ҳоло ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба корҳои ҷисмонӣ машғуланд. Дар Русия аксари онҳо ҳеҷ ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоӣ надоранд. Дар ҳар қадам ҳам аз ҷониби полис ва ҳам аз ҷониби аҳолии он кишвар таҳқир ва паст зада мешаванд. Ҷорӣ шудани режими виза ба кишвароҳи ҳамҷавор роҳи Русияро низ монеадор кардааст. Оё ин чунин вазъият ба рӯҳия ва психологияи ҷавонони мардикор таъсир намегузорад? Бахше аз онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва ихтисос ҳастанд. Вале дар мардикорӣ ихтисосу маълумот ба кор намеравад. Ин нукта низ ба болоравии қадри илму ихтисос, таҳсилу таълимро кӯмак нахоҳад кард. Мардикорӣ ба фарҳангу маданияти ҷавонон низ латма мезанад. Ба сурати умум, ин вазъи солим нест, ки аз шаш як ҳиссаи аҳолии як кишвар мардикори кишвари дигар бошад.

Абдуллоҳ Табаров, сардори идораи кор бо ҷавонони эҷодкор ва донишҷӯёни кумитаи ҷавонон изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар чунин вазъият арзишҳо ва тарзи фикррониҳо тағйир меёбад.

Журналист Хуршеди Атоуллоҳ мегӯяд, ки мушкилоти иқтисодӣ ба маънавиёти ҷавонон ва насли наврас таъсири манфӣ гузоштаанд. Имрӯз илму дониш дар аксари ҳолатҳо наметавонад манбаъи рӯзгузаронӣ бошад, китоб хондану муаллиму духтур шудан маъное надорад. Абдулвоҳид Шамолов, муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, ки ҳукумат ба қадри имкон бояд барои беҳбуди вазъият талош кунад, зеро идома додани чунин шароит метавонад боиси мушкилот ва шояд боиси сар задани таркишҳои иҷтимоӣ шавад.

XS
SM
MD
LG