Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон паноҳандагони афғонро дар Панҷ мавриди оташ қарор доданд



Хоҷаи Мирзода

Марзбонони Русия мустақар дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ки нисфирӯзии душанбе нерӯҳои Толибон урдугоҳҳои паноҳандагони афғонро дар марз миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди оташ қарор доданд.

Марзбонони Русия мустақар дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ки нисфирӯзии душанбе нерӯҳои Толибон урдугоҳҳои паноҳандагони афғонро дар ҷазираҳои дарёи Панҷ дар марз миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди оташ қарор доданд. Тафсилоти бештар дода нашудааст, вале Комиссариати Олии СММ дар Умури Паноҳандагон мегӯяд, ки дар байни паноҳандагон силоҳбадастони мухолифин низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG