Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакҳои Ош ва муносибати миёни Узбакистон ва Қирғизистон



Алишер Ҳомидов (ЕвраазияНет)

Тирагии фазо дар муносибати миёни Узбакистон ва Қирғизистон ба узбакҳое, ки дар минтақаи Ош - қисмати ҷанубии Қирғизистон ба сар мебаранд таъсири нохуб мегузорад.

Таҳлилгари нашрияи электронии ЕвраазияНет Алишер Ҳомидов менависад: Тирагии фазо дар муносибати миёни Узбакистон ва Қирғизистон ба узбакҳое, ки дар минтақаи Ош-қисмати ҷанубии Қирғизистон ба сар мебаранд таъсири нохуб гузошт. Раванди дур кардани узбакҳо аз маъмурияти маҳаллӣ ва раҳбарии сиёсӣ дар Ош ба таври афзоянда густариш дорад. Мақомоти Қирғизистон дар робита ба рушди ҳавои ҷудоихоҳӣ ё сепаратизм аз узбакҳои маҳаллӣ гумонбар шудаанд. Бархе аз коршиносони маҳаллӣ мегуянд айни замон узбакҳо амалеро барои ҷудоихоҳӣ анҷом надодаанд. Аммо меафзоянд, дар сурати идомаи сиёсати фишору таҳдиди узбакҳо аз ҷониби мақомот, норозигии онҳо ба низову бетратибиҳо хоҳад печид. Даъвоҳои марзии Узбакистон, танишҳои лафзии миёни ду давлат, қатъи интиқоли газ ба Қирғизситон, зимистони соли равон ва дар пасманзари ин ҳама мавҷудияти узбакҳои этникӣ дар қаламрави кишвар , нигаронии мақомоти қирғизро афзоиш додааст. Қирғизистон даъвои марзии Узбакистонро, ки мехоҳад бо манотиқи узбакнишини Қирғизистон пайванд дошта бошад, рад мекунад. Аммо ба гуфтаи бархе аз мақомоти Кирғиз аз эҳтимол дур нест, ки ҷониби Узбакистон барои фишор ба Қирғизистон аз узбакҳои маҳаллии Ош истифода кунад. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон аллакай ба хатари ҳуҷумҳои ҷангиёни Ҷумбиши Исломии Узбакистон ру ба ру шудааст. Ин омилҳо зиндагии узбакҳои этникиро дар қаламрави Қирғизистон мушкил кардаанд. Нашрияи электронии ЕвраазияНет аз қавли коршиносони маҳаллӣ менависад, агар мақомоти Қирғизистон сиёсати худро дар минтақаи Ош тағйир надиҳад норозигии узбакҳо ба вуқуъи бетрибиҳо сабаб хоҳад шуд.

Узбакҳои этники аз замони истиқлолёбии Қирғизистон, ки ба задухурди миёни узбакҳо ва қирғизҳо, соли 1991 дар Ош, рост омад, мавриди шубҳаи мақомоти Қирғиз қарор доранд. Мақомот аз шуруъи ҳамагуна намоишҳои эътирозӣ дар Ош метарсанд. Дар 10 солаи гузашта сарварони Қирғизистон ширкати узбакҳои маҳаллиро дар сохторҳои ҳукуматӣ маҳдуд карда, нақши онҳоро дар маъмуриятҳои маҳаллӣ низ коҳиш доданд. Тибқи эҳсоияи соли 1999 узбакҳои Ош 40 дар сади аҳолии минтақаро ташкил медоданд. Баъзе коршиносон бар онанд, ки теъдоди узбакҳо қасдан кам нишон дода шудааст. Аз соли 1990 ба ин тараф намояндагони узбакҳои этникӣ аз маъмурияи минтақавӣ ва маҳаллӣ дур шуданд. Барои намуна аз 50 корманди маъмурияти маҳаллӣ танҳо 7 нафари онҳо узбаканд, ки асосан ба сифати ходимони оддӣ истифода мешаванд. Дар маъмурияти минтақавӣ, ки 70 нафар корманд дорад, танҳо се узбак бо кор таъмин шудааст. Намояндагони узбакҳои этникӣ дар сохторҳои додгоҳ ва додситонии минтақа ва маҳаллӣ ба кор гирифта намешаванд. Онҳо бештар дар ду соҳа, тиҷорат ва матбуот нуфуз доштанд. Аммо ҷойгоҳи онҳо дар ин ду самт низ ба таври назаррас танг шудааст. Мақомоти Қирғизистон пахши ягона телевизионии хусусии узбакзабонро ба шабакае гзаронд, ки имкониятҳои маҳдуд дорад. Коршиносони маҳаллӣ ин иқдоми мақомотро ба зарари кор номбар мекунанд ва мегуянд, дар сурати баста шудани ин телеизион, узбакҳои маҳаллӣ ба телевизиони давлатии Узбакистон ру меоранд, ки асосан идеологияи миллиро тарғиб мекунад.

Маҳдудиятҳои мавҷуда дар сиёсат ва тиҷорат узбакҳои этникиро ба оғуши ҷумбишҳои мазҳабӣ тела медиҳад. Намояндагони аслии ин созмонҳои ғайриқонунӣ маҳз узбакҳо мебошанд. Вазорати дохилии Қирғизистон мегуяд, соли гузашта 80 нафар ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мазҳабии мамнуъ, аз қабили Ҳизб-у-Таҳрир боздошт шуда, 39 нафар аз руи банди 299 и қонуни ҷиноии Қирғизистон аз озоди маҳрум гардид. Ҳамаи онҳо узбакҳои этникӣ буданд.

(Баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG