Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ва мушкили қочоқи маводи мухаддир



Чарлз Рекнагел

Покистон ба монанди ҳамсояҳои дигари Афғонистон - ин кишвари истеҳсолкунандаи аслии маводи мухаддири ҷаҳон, ба мушкилоти марбут ба қочоқи маводи мухаддир гирифтор аст.

Покистон ба монанди ҳамсояҳои дигари Афғонистон - ин кишвари истеҳсолкунандаи аслии маводи мухаддири ҷаҳон, ба мушкилоти марбут ба қочоқи маводи мухаддир гирифтор аст. Вуруди афюн ва ҳеруини арзон аз Афғонистон ба Покистон дар тули даҳ соли ахир, якҷо бо мушкилоти бекорӣ теъдоди муътодони ин маводро афзоиш додааст, ки коршиносони ғарбӣ онро 2 миллион номбар мекунанд. Ду миллиони дигар, ки афюн ва ё маводи мухаддири сабуктар, аз қабили ҳашиш ва кукнорро истифода мекунанд, ба ин феҳраст дохил нестанд.

Ҳамасола садҳо тона маводи мухаддир аз Афғонистон ба Покистон ворид мешавад ва аз он ҷо ба кишварҳои Халиҷи Форсу Аврупо интиқол меёбад. Қочоқбарон ҳамзамон барои интиқоли маводи мухаддир аз бандарҳои ҷанубии Покистон низ истифода мекунанд. Коршиносони СММ мегуянд, ки манъи интиқоли маводи мухаддирро тавассути Покистон наметавон кафолат дод. Аммо бо роҳи мусодира метавон ҳудуди қочоқро кам кард.

Бернард Фрай раиси барномаҳои назорат бар маводи мухадири СММ дар Покистон ба Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки дар панҷ соли гузашта нируҳои амниятии Покистон ҳар сол ба миқдори ҳафт тонаи метрӣ афюн мусодира намуда, теъдоди боздошти ҳеруин ва морфинро аз 5 то 10 тоннаи метрӣ расонидаанд. Бернард Фрай мегуяд:

"Покистон дар солҳои ахир теъдоди зиёди маводи мухаддирро мусодира кардааст. Дар тули солҳои 1995-1997 теъдоди афюни мусодира шуда ба 7 ва дар ҳамин муддат мусодираи морфину ҳеруин ба 5 тоннаи метрӣ баробар шуд. Мусодираи маводи мухаддир дар Покистон нисбат ба Ирон камтар, аммо нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аст."

Ба гуфтаи Фрай Ирон дар минтақа 55 дар сади маводи мухаддири Афғонистонро боздошт мекунад. Ин дар ҳолест, ки Покистон 30 дар сад ва кишварҳои Осиёи Маркази 15 дар сади маводи мухаддирро аз ин қочоқбарон ба даст меоранд. Интиқоли мавод тавассути Покистон, ки дар гузаштаи начандон дур яке аз кишварҳои истеҳсолкунандаи маводи мухаддир ба шумор меомад, вақте шуруъ шуд, ки Покистон худро аз истеъҳсоли ин мавод озод кард. Дар тули солҳои 1990 Покистон барои аз байн бурдани кишти афюн дар мнотиқи ҳаммарз бо Афғонистон кушиш ба харҷ дод. Сармоягузорони хориҷӣ, ба вежа Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Британия наздик ба 100 миллон долларро барои барономаи бунёди роҳҳо дар манотиқи дурдасти пуштунишин, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар сарф намуданд. Ҳадафи аслии бунёди роҳҳо, афзоиши кишти маҳсулоти алтернативӣ, аз қабили галладона ва дастрасии кишоварзон ба бозорҳо буд. Ба назари Фрайи татбиқи ин барнома имкон дод, ки Покистон ба руйхати кишварҳои бидуни афюн шомил шавад. Фрай мегуяд:

"Дар тули 15 соли ахир Покистон аз феҳрасти кишварҳои истеҳсолкунандаи маводи мухаддир ба руйхати кишварҳое дохил шуд, ки ба кишти ин маҳсулот сару кор надоранд. Соли 1979 истеҳсоли афюн дар Покистон ба 800 тона мерасид. Аммо акнун аз истеҳсоли он озод озод аст.

Бо вуҷуди он ки Покистон кишвари истеҳсолкунанди маводи мухаддир номбар намешавад, бо мушкилоти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистони ҳамсоя гирифтор аст. Нируҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддири Покистон дар баробари гуруҳҳои қавии қочоқбар, ки силоҳу лавозимоти ҷангӣ доранд, заъифанд. Мақомоти ин ниҳодҳо мегуянд, муҳофизони гуруҳои қочоқбар, ки асосан шабона фаъолият мекунанд, бо мушакандоз ва дастгоҳҳои мухобира таъминанд ва барои интиқоли як дафъаина 35 доллар ҳақ мегиранд ва маъмулан бо ходимони ниҳод вориди даргирӣ мешаванд.

Теъдоди умумии нируҳои мубориза бо қочоқбарони маводи мухаддири Покистон 700 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Ирон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон 100 ҳазор низомиро ба кор андохтаанд. Дар тули 10 соли ахир 3 ҳазор ходими амниятии Ирон дар мубориза бо қочоқбарон қурбон шудаанд. Барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддири Афғонистон, Ирон ҳамчунин барнома дорад, ки тамоми марзи кишварро бо Афғонистон бо нируҳои мусаллаҳ ҳалқапеч кунад. Коршиносон мегуянд, ки Покистон аз ҷиҳати иқтисоди имкони ба роҳ мондани чунин барномаро надорад.

Ба назари коршиносони умури назорат бар маводи мухддири СММ манъи кишти кукнор аз ҷониби раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар, кишоварзони афғонро аз шуғли аслӣ, кишти маводи мухаддир дар мавсими имсола боз медорад. Аммо онҳо ба ҳадафи ин иқдом ва чӣ қадар давом ёфтани манъи кишти афюн мутмаъин нестанд. Толибон дар ин мавзуъ иттилоъ пахш намекунанд ва танҳо мегуянд, ки ин раванд доимӣ хоҳад буд. Аммо ба назари коршиносон натиҷаи аслӣ танҳо баъди сипари гардидани чанд мавсими киштукори солҳои оянда маълум хоҳад шуд.

(Баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG