Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони Кобул бидуни хавф аз Толибон Наврӯзро таҷлил намуданд



Хоҷаи Мирзода

Ҷашни Наврӯз дар Афғонистон таърихи чандин ҳазорсола дорад, аммо Толибон бо ҳадафи бунёди давлати ба истилоҳ поки исломӣ кӯшиш доранд, ки оини Наврӯзро манъ намоянд.

Рӯзи чоршанбе ҳазорон сокини шаҳри Кобул бидуни хавф аз таъқиби мақомоти Толибон Наврӯзро таҷлил намуданд. Маросими афрохтани ҷанда, яъне парчами наврӯзӣ дар мазори Зиёрати Сахӣ, воқеъ дар теппаҳои ҷанубу ғарбии пойтахти Афғонистон, ба маркази ҷашнвора ва чорабиниҳои амниятӣ табдил ёфт. Ҷашни Наврӯз дар Афғонистон таърихи чандин ҳазорсола дорад, аммо Толибон бо ҳадафи бунёди давлати ба истилоҳ поки исломӣ кӯшиш доранд, ки оини Наврӯзро манъ намоянд. Аз Кобул хабар мерасад, ки сарбозони мусаллаҳи Толибон ба чанд сад нафар иҷозати вуруд ба мазорро дода, сипас дарҳои онро бастанд, аммо кобулиҳо аз теппаҳои атроф маросимро тамошо карданд. Парчам дар сутуни понздаҳметраи филизӣ ва осмони кабуд афрохта шуд. Соли гузашта вақте ки ҳозирин парчамро бӯсиданд, сарбозони Толибон онҳоро латту кӯб намуданд. Имсол сарбозон ин амалро нодида мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG