Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон Наврӯзро дар Афғонистон манъ карданд



Холидаи Қодир

Наврӯз дар ин сарзамин ҳанӯз қабл аз омадани ислом дар қарни ҳафтум, ҷашн гирифта мешуд.

Гурӯҳи Толибон ҷашни Наврӯзро дар Афғонистон манъ карданд. Радиои таҳти назари Толибон, Шариат, имрӯз эълон кард, ҳар афғоне, ки Наврӯзро таҷлил мекунад, кофир дониста мешавад, зеро онҳо бояд танҳо дар ҷашнҳои исломӣ ширкат кунанд. Наврӯз дар ин сарзамин ҳанӯз қабл аз омадани ислом дар қарни ҳафтум, ҷашн гирифта мешуд. То забт шудани Кобул аз ҷониби Толибон дар соли 1996, Наврӯз дар тақвимҳои расмии Афғонистон чун шурӯъи соли нав дарҷ мегардид. Толибон таърихи Афғонистонро то даврони қабули ислом дар ин кишвар рад мекунанд. Ҳафтаи гузашта онҳо осори бостонии Афғонистон, ду муҷассамаи бузурги Буддоро, ки таърихи 1500 сола доштанд, аз байн бурданд. Ҷомеаи байналмилалӣ ин иқдомро маҳкум намуд. Вале раҳбари Толибон Муло Умар мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта худованд ба ин кишвари аз хушксолӣ зарардида борон фиристод, зеро онҳо муҷассамаҳои Буддоро хароб карданд.



XS
SM
MD
LG