Пайвандҳои дастрасӣ

Осиёи Марказӣ бо хатари пахншавии шадиди СПИД рӯбарӯст



Кевин Фолӣ

"СПИД дар воқеъ аз пушти сари маводи мухаддир меравад ва чун Осиёи Марказӣ минтақаи асосии маводи мухаддир аст, хатари пахншавии СПИД дар ин ҷо бисёр бузург аст."

Яке аз фаъолони мубориза бо пахншавии бемории СПИД мегуяд Осиёи Миёна ба хатари бухрони шадиди СПИД рӯбарӯст. СПИД ё тавре дар Гарб мегуянд Ейдз бемории кохиши қудрати иммунитети хаст, ки ханӯз барои он дору ва дармон ёфт нашудааст. Касия Малиневски Семрпуч мудири барномаи кохиши хатархои байналмиллалии дар ҷомеаи фонди Сорос аст, ки як фонди хайрия мебошад. Ба назари хонум Малиневски Семпруч СПИД дар воқеъ аз пушти сари маводи мухаддир меравад ва чун Осиёи Марказӣ минтақаи асосии маводи мухаддир аст, хатари пахншавии СПИД дар ин ҷо бисёр бузург аст. Вируси СПИД метавонад аз тариқи равобити ҷинсӣ интиқол ёбад. Аммо Созмони Милал ва мутахассисони соха мегуянд, ки СПИД ба таври рӯзафзун аз тариқи истифодаи дубораи сузандорухои олуда таввасути муътодони маводи мухаддир пахн мешавад. То кунун дар Осиё қариб 7 миллион нафар ба бемории СПИД гирифтор шудаанд.

Бино ба гузоришхои департмаменти давлатии Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Созмони миллал Афғонистон яке аз мухимтарин кишвархои тавлидкунанда ва содиркунандаи маводи мухадир ва махсусан хероин аст. Бахши мухими маводи мухаддир аз Афгонистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ва аз он ҷо ба Русия ва Украина интиқол меёбад. Дар холе ки истеъмоли маводи мухаддир аз тариқи сузандору дар Осиёи Марказӣ ханӯз чандон пахн шудааст, ин кор дар Русия ва Украина 10 сол пеш вусъат ёфт. Хонум Малиневски Симпруч аз хукуматхои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки сиёсат ва мавқеи худро нисбат ба маводи мухаддир мавриди таҷдиди назар қарор диханд. Ва махсусан касонеро, ки бо хатари бемории СПИД рубару хастанд ба таври куркурона аз зиндагии ҷамъиятӣ дур накунанд. Ба назари хонум Малиневски Симпруч ханӯз дар Осиёи Марказӣ истифода аз маводи мухадир бо тарс ва шарми зиёд пардапӯшӣ мешавад.

"Мардум дар хонахои худ аз истеъмоли беш аз хадди маводи мухаддир халок мешаванд, аммо барои оила шарм мекунанд, ки нашъаманд будани як узви оиларо еътироф намоянд. Агар мардум ин қадар аз идорахо ва мақомоти расмӣ битарсанд барои муолиҷа ва дигар хидматхои иҷтимоӣ хохиш нишон нахоханд дод." Бо вуҷуди ин Касия Малиневски Симпруч илова мекунад, ки хукуматхои минтақа вуҷуд доштани чунин проблемаро еътироф кардан мехоханд. Ва баъзе аз созмонхои байналмилалӣ ба иҷрои барномахои мушаххас мехоханд мардумро дар ин бора огох кунанд ва ё бо барномахои аз кабили мубодилаи сузандоруи олуда иваз кардани сузандоруи нав ба муътодон кумак намоянд. "Танхо ташвиши ман он аст, ки харчанд баъзе қадамхои хурд дар ин рох бардошта мешаванд аммо ин қадамхо барои катъ кардани пахншавии СПИД кофӣ нестанд."

Агентии Созмони миллал оид ба мубориза бо бемории СПИД дар як гузориши ахираш қайд кард, ки мухоҷирон ва панохандагон нисбат ба ахолии собити минтақахо ба хатари бештари олудагӣ ба вируси СПИД ру ба ру хастанд. Ба назари хамин созмон сафар ва мухоҷират омилхои мухиме дар густариши СПИД хастанд. Ба хамин далел агентии мазбур аз хукуматхо талаб кардааст, ки мухоҷирон ва панохандагонро дар барномахои худ оид ба мубориза бо СПИД шомил кунанд.

(Баргардони Тоҳир Сафар)

XS
SM
MD
LG