Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Ирон бо сафари 4-рӯза ба Маскав рафт



Соҷидаи Мирзо

Баъди 20 соли Инқилоби Исломӣ барои нахустин бор аст, ки президенти Ирон ба Русия сафар мекунад.



Президенти Ирон Муҳаммади Хотамӣ сафари худро ба Русия бо барномаи густариши равобити тиҷоративу техникӣ ва баррасии масоили Баҳри Хазар шуруъ кард. Баъди 20 соли Инқилоби Исломӣ барои нахустин бор аст, ки президенти Ирон ба Русия сафар мекунад. Соати 12 ба вақти Маскав мулоқоти Хотамӣ бо президенти Русия Владимир Путин оғоз ёфт. Ду раиси ҷумҳур дар пушти дарҳои баста ба баррасии масъалаи Баҳри Хазар шуруъ намуданд. Дар анҷоми мулоқот изҳороти муштараки ҳар ду раиси ҷумҳур пахш гардид. Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки Русия ва Ирон ба бунёди ҳамагуна лула дар қаъри баҳри Хазар мухолиф хоҳанд буд ва то расман муаян шудани мақоми он ҳеҷ гуна марзро дар Хазар эътироф намекунанд. Изҳорот меафзояд ҳама гуна қарор ва созиш дар мавриди мақоми Баҳри Хазар бояд бо розигии панҷ кишвари назди Каспий ба даст ояд. Ирон умед дорад, ки дар дастраси ба нафти баҳри Хазар дар баробари кишварҳои даъвогар, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон аз пуштибонии Русия бархӯрдор шавад. Ин кишвар, ки баъди фурупошии Итиҳоди Шуравӣ саҳмияи 50 дар сади худро ба нафти баҳр аз даст додааст, акнун мехоҳад ҳадди ақал 20 дар садро дар даст дошта бошад. Теҳрон ба ҳамкории низомӣ бо Русия манфиатдор аст ва русҳо дар бораи созишномаи нав бо Теҳрон суҳбат мекунанд, ки ҳаҷми он 7 миллиард долар номбар мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Маскав се моҳ пеш роҷеъ ба итмоми созиш бо Ийолоти Муттаҳида, дар мавриди ҷилавгирӣ аз фуруши силоҳҳои муқаррарӣ хабар дод. Ийолоти Муттаҳида аз ҳамкории Маскаву Ирон дар бунёди ниругоҳи ҳаставии Бушеҳри Ирон нигаронӣ дорад ва мегӯяд, ки бо истифода аз технология Русия имкон дорад, ки Ирон силоҳи ҳаставӣ бисозад. Баъди имзои санадҳои ҳамкорӣ президенти Путин изҳор дошт, ки Русия омодааст, дар соҳаи нирӯи ҳаставӣ ва дар чаҳори Меъёрҳои МАГАТЕ бо Ирон ҳамкорӣ кунад. Сафари президент Хотамӣ дар Русия чаҳор рӯз идома хоҳад дошт. Баъди Маскав ҳайъти Ирон ба Санкт-Петербург ва сипас ба Тотористон хоҳад рафт.





XS
SM
MD
LG