Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Тоҷикистон истифодаи дурусти қарзи хориҷӣ бидуни ислоҳоти ҷиддӣ номумкин аст



Андрю Туллӣ

Панҷ сол қабл кишварҳои тозаистиқололи собиқ шӯравӣ: Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Молдова ва Қирғизистон, аз қарз озод буданд. Вале онҳо ҳоло зери бори маблағи бузурги қарзи хориҷӣ мондаанд. Банки Ҷаҳонӣ ва Бунёди Байналмилалии Асъор ахиран гузоришеро дар ин маврид таҳия намуда ва зимни он ба кишварҳои номбурда роҳҳои идора кардани қарзи хориҷиро машаварат медиҳанд.

Муассисаҳои муҳими молии ҷаҳон мегӯянд, ки панҷ ҷумҳурии, ба истилоҳ, қашшоқтарини собиқ Шӯравӣ, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдова, Гурҷистон ва Арманистон, агар қарзҳои хориҷии худро дуруст идора накунанд, дар даҳ соли оянда ба вазъияти ногувортар рӯ ба рӯ мешавад. Вале, ба гуфтаи Банки Ҷаҳонӣ ва Бунёди байналмилалии асъор, истифодаи дурусти қарзи хориҷӣ бидуни ислоҳоти ҷиддӣ номумкин аст. Ин масъала рӯзи панҷшанбе дар қароргоҳи ББА дар Вошингтон матраҳ гардид. Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам пошид, президенти онвақтаи Русия Борис Елтсин тамоми қарзҳои иттиҳоди собиқро ба дӯши Русия гузошт ва ҷумҳуриҳои дигарро аз бори қарзи хориҷӣ озод кард. Вале ин беқарзии кишварҳои ҷавон дер давом накард. Самуел Оту, масъули умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Банки Ҷаҳонӣ мегӯяд:

"Ҳамаи ин панҷ ҷумҳурӣ даврони гузаришро соли 1991 бидуни қарз шурӯъ карданд. То соли 1999, сарфи назар аз барномаҳои пуштибонӣ аз ҷониби ҷомаеи ҷаҳонӣ, ба шумули ББА ва БҶ, маблағи умумии қарзи онҳо беш аз панҷу ним миллиард долларро ташкил дод."

Самуэл Оту мегӯяд, барои панҷ ҷумҳурии номбурда ин маблағи бузург аст. Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар байни он панҷ ҷумҳурии камбизоат ақибмондатарин аст ва дар ин ҷумҳурӣ даромади солона ба сари ҳар нафар 290 долларро ташкил медиҳад. Банки Ҷаҳонӣ мегӯяд, дар муддати кӯтоҳ зиёд шудани қарзҳои хориҷии ин кишварҳо сабабҳои гуногун дорад. Аввал, ин ҷумҳуриҳо ҳама нафту газро аз хориҷ ворид мекунанд ва дар ин муддат нархи нафт боло рафтааст. Дуввум, бо шикасти Иттиҳоди шӯравӣ кӯмакҳои молии Маскав низ қатъ гардиданд. Севвум, ҳамаи ин кишварҳо ба низоъҳои дохилӣ: ҷанги шаҳрвандӣ ва ё ҳуҷумҳои беруна рӯ ба рӯ буданд. Вале, ба назари БҶ, сабаби аслии афзоиши қарзҳои хориҷӣ ҳукуматдории бад дар ин кишварҳо аст. БҶ меафзояд, ҳамин ҳукуматдории бад раванди гузариш ба ҷомеаи демократӣ ва бозори иқтисодиро суст мекунад ва кишварро ба фасодкорӣ мекашонад. БҶ мегӯяд, ки Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон ва Молдова бояд раванди ислоҳот, ба вижа ислоҳоти сохтори банк ва бахшҳои дигари иқтисодро суръат бахшанд. Чунин ислоҳот гузариши муваффақонаро аз иқтисоди идорашаванда ба иқтисоди озод тазмин мекунад. БҶ ҳамчунин машварат медиҳад, ки ин панҷ ҷумҳурӣ бояд фасодкориро аз байн баранд. Ин роҳи беҳтарин ҷалб кардани сармояи хориҷӣ аст. Самуэл Оту аз БҶ ба ин назар аст, ки ҳукуматҳо ҷараёни ислоҳотро бидуни вақфа идома диҳанд. Муҳаммад Шодмон - Валавӣ, мутахассиси банки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки кишварҳои дигар низ бо додани имтиёзҳо дар баргардонидани қарз, метавонанд ба панҷ ҷумҳуриии номбурда кӯмак кунанд. Вале он панҷ ҷумҳуриро зарур аст, то бо пешбурди ислоҳот собит намоянд, ки арзиши чунин кӯмак ва имтиёзро доранд. Шодмон - Валавӣ афзуд, ҳамаи панҷ ҷумҳурии номбурда ин нуктаро эътироф мекунанд, ки ин қадами муҳиме ба пеш аст.

(Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG