Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 кило ҳеруин дар қатори Душанбе-Маскав боздошт шуд



Соҷидаи Мирзо

Ходимони Вазорати Дохилии Тоҷикистон аз қочоки 10 кило ҳеруин тавассути қатори Душанбе - Маскав ҷилавгирӣ карданд.

Вазорати Дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ходимони он аз қочоки 10 кило ҳеруин, тавассути қатори Душанбе - Маскав ҷилавгирӣ карданд. Ба гуфтаи ин ниҳоди ҳифзи тартибот, шаҳрванди 24 солаи Тоҷикистон Умедҷон Хоҷаев, ки аз ҳамин қатор боздошт шуд, иддао дорад, ки маводи мухаддирро бо маблағи 150 ҳазор доллар, аз як қочоқбари афғон дар куча харидааст. Тоҷикистон ба кишвари интиқолдиҳандаи маводи мухадири Афғонистон табдил ёфтааст. Ҳамасола дар Афғонистон 75 дар сади афюни ҷаҳон истеҳсол мешавад.

XS
SM
MD
LG