Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Амнияти СММ аз мақомоти Толибон тақозо кард, ки маҳви бемаънии осори фарҳангии Афғонистонро хотима бахшанд



Хоҷа Мирзода

Шӯрои Амнияти СММ ба тақозоҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, аз мақомоти Толибони афғон талаб кард, ки маҳви муҷассамаҳо ва дигар ёдгориҳои таърихии бебаҳои ин кишварро хотима бахшанд.



Шӯрои Амнияти СММ ба тақозоҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, аз мақомоти Толибони афғон талаб кард, ки маҳви муҷассамаҳо ва дигар ёдгориҳои таърихии бебаҳои ин кишварро хотима бахшанд. Дар изҳороти худ аз 6 март Шӯрои Амнияти СММ аз мақомоти Толибон дархост намудааст, ки бераҳмии бемаъниву моҳият нисбати осори фарҳангии Афғонистонро бас кунанд. Рӯзи чоршанбе бошад, дар Шриланка Ҳиндустон ва Бангладеш ҳазорҳо нафар бар зидди қарори маҳви муҷассамаҳо раҳпаймоиҳои эътирозӣ доир намуданд. Толибон тасмим гирифтаанд, ҳамаи муҷассамаҳо, аз ҷумла ду пайкараи бузурги Буддоро дар манотиқи таҳти контроли худ маҳв намоянд. Ин маърака чанд рӯз пеш шурӯъ шуда буд, вале дар рӯзҳои Иди Қурбон муваққатан мутаваққиф шуд.

XS
SM
MD
LG