Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон чаҳоряки ҳарду пайкараи Буддоро хароб кардаанд



Холидаи Қодир

Сафири Толибон дар Покистон мегӯяд, ки Толибон ҳама гуна роҳи наҷот додани муҷассамаҳои бостонии Афғонистонро рад карда ва тасмими худро дар мавриди хароб сохтани онҳо ҳифз мекунанд.

Сафири Толибон дар Покистон мегӯяд, ки Толибон ҳама гуна роҳи наҷот додани муҷассамаҳои бостонии Афғонистонро рад карда ва тасмими худро дар мавриди хароб сохтани онҳо ҳифз мекунанд. Сафири Толибон Абдусалом Заиф гуфт, чаҳоряки ҳарду пайкараи Буддо хароб шудааст, ва баъди иди Қурбон сарбозони Толибон бо мушаку маводи тарканда, муҷассамаҳоро пурра аз байн хоҳанд бурд. Сарфи назар аз эътирози ҷомеаи байналмилалӣ раҳбарони Толибон мехоҳанд, ҳамаи муҷассамаҳои қадимии Буддоро дар ин кишвар хароб кунанд. Сухангӯи Департменти Давалтии Иёлоти муттаҳида Ричард Бучер дар ин бора дар мулоқоти маъмулии худ бо хабарнигорон гуфт: "Пайкараҳои бостонии Афғонистон як бахши муҳими мероси фарҳангии ҷаҳон ва мероси фарҳангии Афғонистон мебошанд. Ман ҳамчунин бояд тазаккур диҳам, ҳангоме, ки мо аз вазъи муҷассамаҳо нигарон ҳастем, ҳамзамон мо аз вазъи мардуми Афғон, ки торафт ногувортар мешавад, ташвиш дорем. Онҳо ба бӯҳрони бесобиқаи инсонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки масъули он Толибон мебошанд." Пайравони дини буддоӣ дар Бангладеш, Шри Ланка ва Таиланд низ ба сафи онҳое пайвастанд, ки аз Толибон тақозои таҷдиди назар дар ин мавзӯъро мекунанд.

XS
SM
MD
LG