Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар истифодаи роҳи оҳан ба низом медарояд



Мирзои Салимпур

Ӯзбакистон барои истифода аз роҳи оҳани Тоҷикистон 38 миллион доллари америкоӣ пардохт карданист. Бахше аз ин маблағ ба пӯшонидани қарзи Тоҷикистон аз хариди гази Ӯзбакистон равона хоҳад шуд.



Ӯзбакистон барои истифода аз роҳи оҳани Тоҷикистон 38 миллион доллари америкоӣ пардохт карданист. Бахше аз ин маблағ ба пӯшонидани қарзи Тоҷикистон аз хариди гази Ӯзбакистон равона хоҳад шуд. Бахши дигари ин маблағ иборат аз 11 миллиону 400 ҳазор доллар барои хариди маҳсулоти нафтӣ аз Ӯзбакистон харҷ хоҳад гашт. Ин таҳаввул дар робита бо пайваст пайваст шудани роҳи оҳани Тоҷикистон бо шабакаи роҳи оҳани Эрон ба миён омадааст, ки акнун қисми асосии молу бор ба воситаи пайвандгоҳи нав ва аз тариқи Бандар Аббоси Эрон ба Аврупо фиристода мешавад. Мудири бахши боркашонии Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Фердинанд Ли ба хабарнигори мо гуфт, аз оғози кори пайвандгоҳи нав сеяки алюмини тоҷик акнун на ба воситаи Қазоқистону Русия ва бандари кишварҳои Соҳили Балтик, балки аз роҳи нави ҷанубӣ ба Аврупо фиристода мешавад. Ба гумони ғолиб афзойиши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар риштаи иқтисодиёт ва тиҷорат ба беҳбуди равобити сиёсии ду кившар заминаи муҳим фароҳам хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG