Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯйиқасд ба ҷони райиси шаҳри Кофарниҳон



Мирзонабии Холиқзод

Субҳи панҷшанбе, 1-уми март, Исмоил Гулов, райиси шаҳри Кофарниҳон, намояндаи Маҷлиси Миллии парлумони тоҷик аз як сӯиқасди мусаллаҳона, ки алайҳи ӯ аз ҷониби гурӯҳи силоҳдори ношинос анҷом дода шуд, ҷон ба саломат бурд.



Ин ҳодиса дар паҳлӯи автовокзали Кофарниҳон рух дод. Замоне ки мо ба ҷои ҳодиса омадем, кормандони Вазорати умури дохила ва амнияти шаҳр он нуқтаро дар як ҳалқаи назоратӣ гирифта буданд. Дар ҷои ҳодиса шикастпораҳои шишаҳои мошин ба чашм мерасид. Як корманди милиция хеле кӯтоҳ гуфт, ки соати 7-и субҳ замоне, ки Исмоил Гулов дар мошини хизматӣ ҳамроҳи ду муҳофизаш ба ҷои кор мерафт, дар ҳамин ҷо афроди ношинос ба сӯи ӯ оташ кушоданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ҳудуди 15 дақиқа тиркушоӣ сурат гирифт. Бар асари ин ҳодиса муҳофизи раиси шаҳр, ки Маҳмуд ном доштааст, захми вазнин бардошта, феълан дар беморхонаи ноҳия бистарӣ мебошад. Ин дар ҳоле буд, ки мардуми зиёд равуо доштанд ва аз афроди осоишта касе осеб надидааст. Аммо дарвозаву тирезаҳои манзилҳо тахриб шуда буданд. Вале дар мавриди ин, ки масъули ин сӯи қасд кӣ ва кадом нирӯ мебошад, кормандони бахши умури дохила ва амнияти шаҳр изҳори беиттилоотӣ мекунанд ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон сарпечӣ намуданд. Вале муовини раиси шаҳри Кофарниҳон Маҳбуба Юсуфова мегӯяд, ин бори дуюм аст, ба ҷони Исмоил Гулов сӯи қасд сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки дар тобистони соли гузашта Исмоил Гулов дар туйи яке аз фарзандонаш ба сӯи ӯ афроди мусаллаҳи ношинос аз мушакандоз оташ кушода буданд ва ӯ ҷон ба саломат бурда буд. Барои кашфи ин ҳодиса аз шаҳри Душанбе як комиссия иборат аз муовинони вазоратҳои қудратии кишвар таҳти сарварии ноиби вазири умури дохила Ҳабиб Сангинов фиристода шуд. Дар як ҷаласаи ҳукумат дар миёнаҳои моҳи гузашта президент Эмомалӣ Раҳмонов аз шаҳри Кофарниҳон ҳамчун як минтақаи ҷиноӣ ном бурд ва Исмоил Гуловро ҳушдор дод, ки вазъи ноҳияро ноором накунад "вагарна аз баҳри ӯ ва тавсиядиҳандааш хоҳад гузашт". Бо вуҷуди он, ки вазъи минтақа ором ба назар мерасад, аммо сокинони он ба ин оромӣ чандон эътимод надоранд. Баъди сар задани ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони Исмоил Гулов барои ҳифзи амният дар роҳи Душанбе--Кофарниҳон посгоҳҳои Вазорати умури дохила таҳким дода шуданд.

XS
SM
MD
LG