Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ЮНЕСКО аз Толибон хост қарори маҳви ҳайкалҳои Буддоро лағв намояд



Салими Аюбзод

Чанде пеш раҳбари Толибон Муллло Муҳаммад Умар фармон содир кард, ки ҳамаи муҷассамаҳои Буддо, аз ҷумла ду ҳайкали бузург дар Бомиён маҳв карда шаванд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон аз ҷунбиши Толибҳои афғон даъват кард, фармони тахриби пайкараҳои таърихии Афғонистон иҷро накунанд ва онро таҷдиди назар намоянд. Вай гуфт, Милали Муттаҳид борҳо аз ҳамаи тарафҳои афғон даъват кардааст, ёдгориҳои маданӣ ва таърихии Афғонистонро ҳифз намоянд, зеро онҳо бахше аз мероси умумибашарӣ мебошанд. Сухангӯи Департаменти давлатии Иёлоти муттаҳида Филипп Рикар гуфт, қарори Толибон мустақиман ба яке аз суннатҳои исломӣ мухолифат мекунад, ки ин созгорӣ ва таҳаммул дар баробари динҳои дигар аст. Вай афзуд, Иёлоти Муттаҳида аз ин хабар дар андӯҳ ва шигифт мебошад. Ҷомеъаи илмии бисёр кишварҳо, аз ҷумла Эрон ва Тоҷикистон низ ба фармони толибҳо изҳори эътироз карданд. Таърихнигори маъруф, мудири пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, академик Раҳим Масов ин амалро вандализм ва барбарият номида, изҳори таассуф кард, ки дар Афғонистон мехоҳанд, бо дастони худ таърихи худро нобуд кунанд. Дар посух ба даъватҳои банйлумилал вазири корҳои хориҷии толибҳо Мутаваккил гуфт, ягон фармони Аморати Исломии Афғонистон иҷроношуда боқӣ намондааст ва ин фармон низ ба иҷро хоҳад расид. Вай афзуд, толибҳо бо ин амал кӯшиш накардаанд, худро ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ муқобил гузоранд ва ё иътироз ангезанд. "Мо масъалаҳои дохилии худ ва қонунҳои худро дорем, ки тибқи онҳо амал мекунем. Мутаваккимл гуфт, агар ҷаҳон дар ин бобат ташвише дорад, мо омодаем сухани онро гӯш кунем ва назари худро бифаҳмонем. Розӣ шудан ба назари мо ё розӣ нашудан, кори онҳост." Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки як муҷассамаи дуҳазорсолаи Буддо дар осорхонаи шаҳри Кобул вайрон карда шуда, айни амал ёдгориҳои пешазисломии Нангарҳор ва Ғазниро таҳдид мекунад. Фармони раҳбари толибҳо бар зидди калонтарин пайкараи Буддо дар ҷаҳон, ки дар Бомиён воқеъ аст, нигаронида шудааст. Вале эҳтимол меравад, ки таҳти он толибҳо ҳама ёдгориҳои тоисломии Афғонистонро нобуд хоҳанд кард.



XS
SM
MD
LG