Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонон аз марзшикании ду гурӯҳи афғон ҷилавгирӣ карданд



Саидқосими Қиёмпур

Шаби 27 феврал марзбонони Русия дар минтақаи сарҳадии Маскав аз марзшикании гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Ҳамон шаб дар минтақаи марзии ноҳияи Дарвоз байни марзбонони тоҷик ва як гурӯҳи дигари шаҳрвандони Афғонистон низ задухурд ба вуқуъ пайваст.

Шаби 27 феврал марзбонони Русия дар минтақаи сарҳадии Маскав аз марзшикании гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Александ Кондратов сухангӯи гурӯҳи марзбоноии Русия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи 12 нафара баъди ошкор шудан ҷониби марзбонон аз афтомат ва гранатамёт оташ кушод. Ҷаноби Когратов таъкид кард, баъди задухурд марзшиканон аз торикӣ истифода намуда ба Афғонистон баргаштанд. Ҳамон шаб дар минтақаи марзии ноҳияи Дарвоз байни марзбонони тоҷик ва як гурӯҳи дигари шаҳрвандони Афғонистон, ки аз рудхонаи Панҷ убур кардани буданд низ задухурд ба вуқуъ пайваст. Ҷаноби Супҳадоров сухангӯи кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, марзбонони тоҷик сарҳадшиканонро маҷбур намуданд, ки ба қаламрави Афғонистон баргарданд. Дар ҷои воқеа 9 килограм маводи мухаддир аз ҷумла як килограм ҳероин бозёфт гардид. Низомиёни тоҷик ба вижа марзбонон аз афзудани марзшиканӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва мутмаинанд, ки теъдоди чунин ҷиноятҳо бо фарорасии рӯзҳои гарм бештар хоҳад шуд. Аз оғози сол то имрӯз дар қаламрави кишвар аз ҷумла дар навоҳии ҳамсарҳад бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон марзбонони тоҷик 20 махфигоҳи силоҳро бозёфт намуданд. Марзбонони тоҷик итминон доранд, ки анборҳои силоҳ мансуб ба размандагони Ҷумаи Намангонӣ аст. Имкони идома додани даргириҳо аз ҷониби ҷунбиши Узбекистон мақомоти Узбакистон ва Қирғизистонро нигарон кардааст. Ахиран дабири шӯрои амнияти Қирғизистон Пулодҷон Ҷонозоқов ба хабарнигорон гуфтааст, размандагони Ҷунбиши Исломии Узбакистон барои тавасути Қирғизистон ба водии Фарғона гузаштан талош хоҳад кард. Дар урдугоҳҳои размандагон воқеъ дар қаламрави Афғонистон омодагиҳо идома доранд. Пӯлод Ҷонозоқов аз қаламрави Тоҷикистон то ба марзи Қирғизистон расидани размандагони Ҷумаи Намангониро "воқеӣ" арзёби кардааст. Қаблан ӯ иттилоъ дода буд, ки мақомоти Тоҷикистон аз 300 тан размандагони Ҷумаи Намангонӣ ҳамагӣ 70 то 80 нафарро ба Афғонистон интиқол доданду халос ва аз ин рӯ имкон дорад размандагони боқимонда моҳҳои март ё апрел вориди Қирғизистон шаванд. Иноятбек Сулаймонбеков муовини раиси кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иттилоъро дар бораи боқи мондани размандагони Ҷумаи Намангонӣ дар қаламрави кишвар шадидиан рад намуд ва аммо гуфт, шояд гурӯҳи дар Афғонистон будаи Ҷумаи Намангонӣ барои пайвастан бо гурӯҳи дар Қирғизистон боқимонда талош меварзад. Ҷаноби Суламонбеков мегуяд, барои ҷилавгирӣ аз кӯшиши тавасути Тоҷикистон ба Қирғизистон гузаштани размандагони Ҷумаи Намангонӣ чанд ниҳоди марзбонони сарҳадии гурӯҳи Русия, кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ва марзбонони худи Қирғизистон омодагӣ мегиранд ва бо итминон метавон гуфт, ки кушиши размандагони Ҷумаи Намангонӣ бо "садди оҳанин" рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Муовини раиси ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон афзуд, мақомоти кишвар тасмим гирифтаанд, ки ба марз бо Қирғизистон нерӯҳои иловагӣ бифиристанд. Ҷаноби Сулаймонбеков мегуяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҷунбиши Исломии Узбакистон, вазорати дифои Тоҷикистон дар Тавилдара баталёне низ таъсис намудааст. Муовини раиси кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон аз баёни он, ки чӣ теъдод ва кадом нерӯҳои кумита ба марзи Қирғизистон фиристода мешаванд, худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG