Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар саросари олам дар гузориши Департаменти Давлатии ИМА



Кевин Фолӣ

Рӯзи душанбе Департаменти Давлатии ИМА баррасии солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар саросари оламро тибқи қонунҳои ин кишвар ба Конгресс ирсол намуд.

ИМА мегӯяд, ки соли гузашта демократия ва озодиҳои аслӣ дар Югославия пешрафт намуда, дар сернуфустарин кишвари олам: Чин баръакс маҳдудтар шуданд. Рӯзи душанбе Департаменти Давлатии ИМА баррасии солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар саросари оламро тибқи қонунҳои ин кишвар ба Конгресс ирсол намуд.

Дар гузориш омадааст: Сентябри гузашта мардуми Югославия бар зидди Президент Слободан Милошевич овоз дода, ба ҳокимияти даҳсолаи худкома дар ин кишвар хотима бахшиданд.

Департаменти Давлатии ИМА Милошевичро бо поймолкуниҳои васеи ҳуқуқи башар, аз ҷумла кушторҳо, латту кӯб ва беному нишон шудани мухолифини ҳукумат, авомфиребӣ дар ҷараёни интихобот, маҳдудсозии озодии матбуот, иттиҳодияҳо ва ибодат муттаҳам мекунад.

Дар айни замон муаллифони гузориши Департаменти Давлатӣ ёдрас мекунанд, ки президенти нави Югославия Войислав Коштуница дар паи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар аст. Ӯ се намояндаи маъруфи мухолифинро аз маҳбас озод кард.

Феълан поймолшавиҳои ҷиддии ҳуқуқи инсон дар вилояти Косовои Сербия: яке аз ду ҷумҳурии Югославия, ба назар мерасанд. Дар давоми соли 2000-ум дар ин минтақа бесарусомониҳои қавмӣ ҷо доштанд. Назар ба гузориши Департаменти Давлатии ИМА соли гузашта поймолшавиҳои ҳуқуқи башар дар Чин афзоиш ёфтанд. Ҳукумат таъқиби гурӯҳҳои насронӣ, бутпарастони Тибет ва Ҷумбиши манъшудаи Фалун Гонгро тақвият бахшид.

Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон Майкл Памлӣ иҷрокунандаи вазифаи ёвари Котиби Давлатии ИМА гуфт, ки моҳи оянда дар ҷаласаи Комиссияи Ҳуқуқи Башари СММ, ИМА лоиҳаи қатъномаеро пешниҳод мекунад, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Чинро мавриди интиқод қарор хоҳад дод.

Дар масъалаи Русия Майкл Памлӣ иҷрокунандаи вазифаи ёвари котиби давлатии ИМА ба ду нукта ишора мекунад: "Мо дар ду бахш мушкилоти бузург ва ташвиш эҳсос мекунем. Яке озодии матбуот аст, ки моро нигарон сохтаасту мо дақиқ онро пайгирӣ дорем ва дуюмиву муҳимтарин Чеченистон мебошад."

Департаменти Давлатии ИМА дар гузориши солонаи худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар саросари олам навиштааст, ки дар Афғонистон поймолкунандаи асосии ҳуқуқи башар Ҷумбиши Толибон аст. Дар манотиқи таҳти назорати онҳо имкони таҳсили занону духтарон маҳдуд мебошад. Ба гуфти Майкл Памлӣ дар ин масъала ИМА фишор рӯи Толибонро идома медиҳад. Ӯ мегӯяд: "Мо сӯҳбатҳоро идома медиҳем. Мо ҳамоно дар ҳамоҳангӣ бо иттифоқчиёнамон барои ҳалли мушкили Афғонистон талош меварзем."

Дар гузориши солонаи Департаменти Давлатӣ гуфта мешавад, ки дар Беларус таъқиби сиёсӣ бештар шуда, вазъи умумии ҳуқуқи башар дар Куба мояи нигарониҳои васеъ боқӣ мемонад.

Департаменти Давлатии ИМА ҳукумати Ироқро золимтарин режими дунё унвон додааст, ки аз як ҳизби зери раҳбарии Саддом Ҳусайн ва аъзои оилаи ӯ иборат аст. Ин режим шӯришҳои осоиштаи солҳои ахирро бо бераҳмии фавқулодда пахш намуд. Тибқи гузориш аз соли 1997 ба ин тараф беш аз се ҳазор мухолифини режими Саддом Ҳусайн эъдом шуданд.

Департаменти Давлатии ИМА рӯи поймолшавиҳои муназзами ҳуқуқи инсон, аз ҷумла кушторҳову муҷозоти бидуни муҳокима, нопадидшавии мардум, зӯроварӣ, шароити ниҳоят вазнини маҳбасҳо ва ҳабсҳои худсарона дар Эрон таъкид кардааст. Гуфта мешавад, ки дар мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ озодии ибодати пайравони мазҳаби Баҳоияро маҳдуд кардаанд. Соли гузашта додгоҳи Эрон даҳ яҳудиро барои доштани равобит ба Исроил ба мӯҳлати аз 2 то 13 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Департаменти Давлатӣ изҳор менамояд, ки дар интихоботи порсолаи Озарбойҷону Қирғизистон норасоиҳои ҷиддӣ ба қайд гирифта шуданд, дар Узбакистон камбуди матбуоти озод мушоҳида мешавад ва бе ному нишон шавии рӯзноманигори украинӣ Ҳеорҳий Гонгадзе суолҳои зиёдеро оиди озодии матбуоти Украина матраҳ мекунад.

Баъзе шореҳон ИМА-ро бо он муттаҳам мекунанд, ки гузориши солонаи департаменти давлатиро дастак намуда, кишварҳои эҳтиёҷмандро аз кумаки худ бебаҳра менамояд. Дар ин бора Артур Ҳелтон таҳлилгари масоили ҳуқуқи башар ва сиёсати хориҷӣ дар Шӯрои Равобити Хориҷӣ, ки марказаш дар шаҳри Ню Йорк аст, мегӯяд: "... ин даъвоҳо асос надоранд. Гузориши Департаменти Давлатӣ ба монанди гузоришҳои созмонҳои мустақил ба мардуми саросари олам имкон фароҳам меорад, ки аз ҳаёт ва мушкилиҳои кишварҳои дигар хабар ёбанд." Ӯ меафзояд: "Умуман, ин, яъне нашри гузориш, ба ақидаи ман на танҳо таҳаввулоти мусбат , балки инъикоси рағбати васеъ барои донистани ҳаёти дохилии кишварҳои дигар ва назорати тарзи ҳокимиятронии ҳукуматҳои ин давлатҳо мебошад."

Сӯҳбатро Арч Падингтон ноиб-президенти созмони байналмилалии мустақил бо номи "Фридом Ҳаус" ва ё "Хонаи Озодӣ" идома медиҳад. Ба қавли ӯ муҳим нест, ки ИМА баҳри беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар кадом кишваре гузориши солонаи Департаменти Давлатӣро дастак мекунад. Номбурда мегӯяд: "Суоли аслӣ ин аст: Оё гузориш дақиқу самимона ва қобили эътимод аст? Ва ман фикр мекунам, ки бале!"

Созмони "Фридом Ҳаус" ҳам ба мисли Департаменти Давлатии ИМА оиди вазъи ҳуқуқи башар дар саросари олам гузоришҳои солона интишор менамояд. Фикри Арч Падингтонро коршиносони дигар низ дастгирӣ мекунанд. Ба гуфти онҳо шумори ҳар чӣ бештари гузоришҳо, ки каме аз ҳамдигар фарқ доранд, манзараи дақиқтари вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои мухталифро таҷассум мекунад.

(Тарҷима: Хоҷаи Мирзода)

XS
SM
MD
LG