Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, Америка ва Осиёи Марказӣ



Ҷереми Бранстен

Маскав мехоҳад, робитаро бо Осиёи Марказӣ бидуни харҷи молӣ ба роҳ монад. Ийолоти Муттаҳида ба суи минтақа ҳаракати эҳтиёткорона дорад.

Президенти Русия Владимир Путин нахустин сафари хориҷии худро ба сифати раиси ҷумҳур аз Узбакистон ва Туркманистон шуруъ кард. Ва ин иқдоми тасодуфӣ набуд. Баъди ду моҳи дигар у барои ширкат дар нишасти панҷгонаи Шанҳай ба Тоҷикистон рафт ва ба думболи он ба Қазоқистон ва Қирғизистон. Моҳи гузашта президенти Русия аз Озарбойҷон боздид намуд, ки дар ҷарёни он созишномаи афзоиши шарокати стратегӣ миёни ду кишвар ба тасвиб расид. Баъди беэътиноии тулонӣ Маскав дубора таваҷҷуҳи худро ба кишварҳои ба истилоҳ "хориҷаи наздик" равона кард. Дар айни ҳол баъзе таҳлилгарон мегуянд, ки нафту гази якчанд кишвари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз барои Ийолоти Муттаҳида аҳамият доранд. Ин таҳлилгарон эҳёи ба истилоҳ "бозии бузург"и асри 19-ро аз эҳтимол дур намедонанд, ки дар ҷараёни он манофеъи Ғарб бо Русия барои нуфуз дар минтақа вориди сабқат шуданд. Аммо тасаввуроти қаблӣ дар бораи мавҷудияти захоири бепоёни нафту газ дар баҳри Хазар акнун коҳиш ёфааст ва сармоягузорони ғарбӣ бурду бохти худро ҳамаҷониба чен мекунанд ва нахуст мехоҳанд бидонад, ки чӣ миқдор нафт дар ин мавзеъ вуҷуд дорад ва оё он ба сармоягузорӣ меарзад ё не. Муҳимтар аз ин, масъалаи нафти баҳри Хазар ва то бозор расонидани он аз як су масъалаи сиёсӣ аст, аз суи дигар ин амал бо қиммати гарон анҷом меёбад. Ин ҳол ҳар ду ҷониб, ҳам ширкатҳои ғарбӣ ва ҳам лидерони минтақавро ба он водор кардааст, ки бурду бохти худро дар ин ҳамкорӣ дубора арзёбӣ намоянд. Ширин Оқинер коршиноси ҳавзаи Хазар дар Лондон мегуяд:"Лидерони минтақаро бештар прагматизм ва воқеъият ба чунин рафтор водор мекунад. Боварии калони онҳо ба Ғарб то андозае коҳиш ёфт. Ва онҳо ҳарчӣ бештар барои кумак ру ба Русия меоранд. Ин чунин маънӣ надорад, ки онҳо комилан дар ҷайби Русияанд. Онҳо, албатта, сиёсати мустақили худро пайгирӣ мекунанд. Аммо бидуни шубҳа онҳо мебинанд, ки ҳамкорӣ бо Русия метавонад барояшон бартарӣ дошта бошад."

Роберт Ебел корманди Маркази Стратегӣ ва Омузишҳои Байналмилалӣ сафарҳои зиёдеро дар минтақа анҷом додааст. У қаблан ба сифати коршиноси соҳаи нафт дар ожонсии федеролии энержии Депртаменти Давлатии Америка фаъолият мекард. Ба назари Ебел бисёр чиз аз ҷустуҷуҳои ахир дар даштҳои нафти баҳри Хазар бастагӣ дорад: "Бисёр чиз аз он вобастагӣ дорад, ки дар Қашаған, воқеъ дар Қазоқистон чӣ миқдор захираи нафт мавҷуд аст." Рақамҳои пешакӣ ба он ишора мекарданд, ки дар 25 соли аввали асри 21 дар даштҳои Қашаған миқдори бузургтари нафт ошкор хоҳад шуд. Аммо барои тасдиқи он пажуҳишҳои бештар заруранд. Гуфта мешавад, ки айни замон бахши бузурги нафти овозадори Каспий дар қаъри баҳр ҷойгир аст. Аз тарафи дигар Лулаи нафтбаре, ки бояд маҳсулоти баҳри Хазарро ба бозорҳои ҷаҳонӣ интиқол диҳад ҳануз дар руи тарҳ аст. Аз як су барномаи ширкатҳои ғарбӣ ҷиҳати интиқоли нафти Хазар аз Боку то бандари Ҷайҳони Туркия матраҳаст, ки қарор аст соли 2004ум сохта шавад. Аз суи дигар Русия умедвор аст, ки то охири сол лулуаи дигарро тавассути дашти Тенгизи Қазоқистон ба бандари Баҳри Сиёҳ дар Новосибирск ба кор андозад. Як омили пешгуинашаванда он аст, ки муносибати Вошингтон бо Теҳрон дар маъмурияти президенти нави Амрика Ҷорҷ Буш чӣ гуна хоҳад шуд. Ноиби раиси ҷумҳури Америка Дик Чени дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ зарурати идомаи интиқоли нафт ба Америкаро таъкид карда буд. Ба ин сабаб у мухолифати худро ба таҳримоти Америка алайҳи Ирон изҳор дошт. Ба гуфтаи коршиносон агар Вашингтон ва Теҳрон дар робита ба лулаи нафт созиш кунанд, кишварҳои минтақаи Хазар ба истилоҳ ба роҳат нафас хоҳанд кашид. Дуртар аз Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон, бахшҳои дигари Осиёи Марказӣ аз захираи бойи нафту газ саршор нест. Аз ин ру кишварҳои ғарбӣ ба чунин давлатҳо аз қабили Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки бо Маскав робитаи наздиктар меҷуянд, чандон таваҷҷуҳ надорад. Аз ин ру ба гуфтаи Ширин Оқинер ҳузури Маскавро дар минтақа наметавон амали маҷбурӣ арзёбӣ кард. у меафзояд: "Дуруст аст, ки Русия нуфузи худро дар минтақа эҳё мекунад. Аммо ба назари ман ба ин мавзуъ бояд аз зовияи худи кишварҳои минтақа ҳам нигарист, ки ширкати бештари Русияро хоҳонанд. Русия ҳамчун бозори бузурги маҳсулоти Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст. Умедворие низ мавҷуд аст, ки Осиёи Марказӣ дар кишварҳои ғарбӣ низ метавонанд бозор пайдо кунанд. Аллбата ин як хаёлест. Аммо барои имруз ва барои оянда Русия ҳамчун бозори асосии ин кишварҳо боқӣ мемонад."

Ширин Оқинер мегуяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар танҳоӣ ба хатарҳои амниятӣ, ки аз терроризми исломӣ ва қочоқи маводи мухаддир маншаъ мегиранд, мубориза бурда наметавонад. Дар ин ҷо кумак зарур аст. Ва Русия барои расонидани он омода аст. Тавре ба назар мерасад, ҳамаи ҷонибҳо, ҳам соҳибони нафт ва ҳам харидорони он воқеъбинона фикр мекунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки аз сармоягузории кишварҳои ғарбӣ каме дилсард шудаанд, дубора ба суи Русия менигаранд. Маскав мехоҳад, робитаро бо онҳо бидуни харҷи молӣ ба роҳ монад ва Ийолоти Муттаҳида ба суи минтақа ҳаракати эҳтиёткорона дорад.

(Тарҷима: Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG