Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент Раҳмонов Русияро муҳимтарин шарики стратегии Тоҷикистон номид



Саиди Сабоҳ

Э. Раҳмонов дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Независимая Газета" изҳор дошт, ки Русия муҳимтарин шарики стратегии Тоҷикистон ҳисоб мешавад ва ин танҳо мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон нест балки мавқеи тамоми мардуми Тоҷикистон низ мебошад.

Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонов рӯзи чоршанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Независимая Газета" изҳор дошт, ки Русия муҳимтарин шарики стратегии Тоҷикистон ҳисоб мешавад ва ин танҳо мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон нест балки мавқеи тамоми мардуми Тоҷикистон низ мебошад. Президенти Тоҷикистон афзуд, ки ҳамкориҳои марзӣ байни Тоҷикистону Русия аз ҳама бештар аҳамият дорад. Нирӯҳои Русия марзи Афғонистон ва Тоҷикистонро посбонӣ мекунанд. Аммо ба гуфтаи Э. Раҳмонов агарчӣ имконоти иқтисодӣ байни ду кишвар хуб аст аммо муносибатҳои иқтидоии ду тараф дар солҳои ахир дар сатҳи бисёр поин боқӣ мондааст. Дар ин миён сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Красная Звезда" гуфт, кишварҳои Осиёи Миёна ба таври анъанавӣ ҳанӯз ҳам дар доираи манфиатҳои Русия қарор доранд. Пешков афзуд, равобити наздик ва таърихӣ Русияро бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна наздик мекнуад. Яке аз масоили умда, амнияти минтақавӣ мебошад ва ба гуфтаи ҷаноби Пешков Афғонистон унсури нооромкунанда ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG