Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндагӣ дар паси панҷараҳои оҳанин



Соҷидаи Мирзо

Вазъи маҳбасҳои Тоҷикистон, риояи ҳуқуқи зиндониён ва дастрасии созмонҳои байналмилалӣ ба ин муассисаҳо

Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов эълон кард, ки то 1 январи соли 2001ум дар маҳбасҳои ислоҳоти меҳнатии Тоҷикистон, наздик ба 10 ҳазор зиндонӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки 2508 нафари онҳо ба ҷиноятҳои қочоқи маводи мухаддир марбутанд. Беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба муҳлатҳои мухталиф зиндонӣ шудаанд. Ба гуфтаи манобеъи расмӣ дар тули соли 2000ум наздики 10 нафар бо ҷиноятҳои куштор, ғорати мусаллаҳона ва қочоқи теъдоди бештари маводи мухаддир ҳукми қатл гирифтанд. Сарнавишти онҳоеро, ки эъдом шудаанд, мо дар яке аз барномаҳои оянда пайгирӣ мекунем. Мавзуъи ин барнома ба онҳое рабт мегирад, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, вале ҳануз аз зиндагӣ умед доранд. Зиндагӣ дар паси панҷараҳои оҳанин. Зиндагии маҳбусон дар паси деворҳои баланд ва панҷараҳои оҳанин, ки зиндон ном дорад, гоҳо аз рузи боздошт ва баъзан аз рузи эълони ҳукми додгоҳ шуруъ мешавад. Дар Тоҷикистон се навъи маҳбасҳо вуҷуд доранд, маҳбасҳои ислоҳоти мехнатӣ, маҳбасҳои пушида ва изоляторҳои муваққатӣ. Аммо барои шаҳрванде, ки аз озодӣ маҳрум мешавад, ин мафҳумҳо танҳо ба як калима ифода меёбанд. Зиндон. Матбуоти Тоҷикистон ба мавзуъи вазъи зиндонҳо ва ё мавҷудияти маҳбусони сиёсӣ дар кишвар даст намезанад. Ҳоли зиндониёнро танҳо хешутабори онҳо медонанд, ки дар ин даргоҳ корафтода шудаанд. Ҳатто Салиби Сулхи байналмилалӣ, ки аз руи мақом ва вазифа ҳақ дорад, аз ҳоли маҳбусон дар зиндонҳои ҳама гушаву канори ҷаҳон бохабар бошад, дар чанд соли ахир ба зиндонҳои Тоҷикистон роҳ намеёбад. Андрей Сидорин сухангуи Кумитаи байналмилаии Салиби Сурх мегуяд, ки фаъолияти Созмони баналмилаии Салиби Сурх дар зиндонҳо дар асоси чанд меъёри муҳим ҷараён мегирад, ки яке аз онҳо мулоқоти як ба яки ҳайати созмон бо маҳбус аст, бидуни ширкати нозирон ва ҳатто мақомоти маҳбас. Ба гуфтаи Сидорин танҳо дар ин сурат маълум хоҳад шуд, ки зиндонӣ чӣ ҳол дорад, оё латту куб мешавад, ва ё бо ғизову сару либос таъмин аст ва ғайра. Сухангуи Кумитаи байнадмилаии Салиби Сурх меафзояд, барои созмон муҳим нест, ки маҳбус барои чӣ ҷурме ба зиндон афтодааст. ИН нуктаро муҳим шуиурда мешавад, ки талаботи ҳадди ақали маҳбусон, бо ғизо, сару либос ва доруворӣ, ки онро қонун кафолат медиҳад, риоя шаванд. Ва зиндониён то ҳориҷ шудан аз ин муассиса зинда монанд. Кумитаи Салиби Сурх аз соли 1996 то соли 1999 барномаи кумак ба зиндонҳои Тоҷикистонро пиёда мекард. Дар тули чанд сол созмон маҳбасҳои Тоҷикистонро бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъмин меменамуд ва ин васила вазифаи аслии худ, пажуҳиши вазъи зиндониёнро ба иҷро мерасонд. Аммо ба гуфтаи Сидорин барномаи Кумитаи Салиби сурхи байналмилалӣ бар пояи омузиши вазъи зиндониёне, ки дар солҳои муқовимати шаҳрвандӣ ба иллати сиёсӣ боздошт шудаанд, дар Тоҷикистон ба нокомӣ ру ба ру шуд. Андрей Сидорин мегуяд, Созмони Байналмилаии Салиби сурх то ҳануз ба маҳбасҳои Тоҷикистон дастрасӣ надорад. Аз суи дигар намояндагони оппозитсиюни собиқ дар асоси бандҳои ҷиноии қонуни Тоҷикистон маҳкум шуданд ва дар чунин чӣ гуна метавон маҳбуси сиёсиро аз ҷинояткори оддӣ фарқ кард.- афзуд Сидорин Сухангуи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх. Тоҷикистон мегуяд, ки дар кишвар зиндониёни сиёсӣ вуҷуд надоранд. Аммо оппоситсиюни собиқ бар он аст, ки зиндонӣ шудани бахши аз намояндагони он, ки бо ҷурмҳои ҷиноӣ боздошт шудаанд, заминаи сиёсӣ дорад. Оппозитсиюн ҳамчунин дар бораи фавти теъдоде аз намояндагни худ дар маҳбас иттилоъ медиҳад. Азбаски созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва журналистон ба маҳбасҳо дастрасӣ надоранд, чи гунагии ҷараёни зиндагии ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон дар паси деворои баланд аз назари ҷомеъа пинҳон мемонад. Ва танҳо аз руи гуфтаи собиқ маҳбусон, баъзе кормандони маҳбасхонаҳо, адвокатҳо ва хешу табор метавон дар бораи зингаии маҳбусон тасаввурот пайдо кард. Тасввуроти на чандон хуб. Давлат Саркоров, узви созмони адвокатҳои ҷумҳурӣ, ки аз руи вазифа, ба маҳбас рафтуомад дорад, бар он аст, ки зиндагӣ дар ин муассисаҳо барои инсонҳо қобили таҳаммул нест. Зиндониён дар ҳолати бади санитарӣ ба сар мебаранд. Баъзеи онҳо шикоят мекунанд, ки дар вақти тафтишот мавриди латту куб буданд. Вале ба ин нукта таваҷҷуҳ зоҳир намешавад, мегуяд Давлат Саркоров. Полковник Мирзомуддин Зиёев, раиси маҳбасҳои Тоҷикистон мегуяд, вазъи маҳбусони кишвар асосеро барои ташвишу нигаронӣ намедиҳад. Ба назари раиси маҳбасҳои Тоҷикистон ин ҷо ҳама чиз хуб аст. Сериву пурӣ, амну осоиштагӣ. У меафзояд, ки соли гузашта барои ғизо ва сару либоси маҳбусон беш аз 1 миллард рубл сарф шуд. Ва феълан анбори зиндонҳо пур аз заҳираи орд аст. Вазъи маҳбасҳои Тоҷикистон аз назари раиси он чандон бад нест. Ва агар ин гуфтаҳо воқеъият дошта бошанд, пас зиндагӣ маҳбусон аз зиндагии қишри озод, вале камбизоати аҳолӣ хубтар аст. Аммо падари як маҳбус, (номашро зикр намекунем), ки дар хона 13 фарзанди дигар дорад, ҳар моҳ ба бастаи маводи ғизоӣ ва доруворӣ аз ноҳияи дурдасти Муъминобод ба Душанбе меравад то фарзанди бузургашро, ки барои қочоқи маводи мухаддир аз озодӣ маҳрум шудааст, ҳолпурсӣ кунад. У мегуяд, писараш бинобар камбуди ғизо ва доруворӣ бемор шудааст. Ин муйсафед меафзояд, ки аз сару либос гирифта то дорувории писарашро ҳамвора таъмин мекунад. Ба гуфтаи у ҳангоми суҳбат бо писари маҳбусаш аз он тарфи панҷара садои уро намешунавад. танҳо аз ишораҳояш мефаҳмад, ки ба чӣ эҳтиёҷ дорад. Нозирони маҳбас умдатан як бахши маводи ғизоиро ба зиндониён медиҳанд ва ба гуфтаи худи зиндониён, бахши дигарро аз худ мекунанд. Шикоят аз руи рафтори ходими маҳбас дар ин муассиса роиҷ нест. Ва оқибати он ба зарари худи маҳбусон аст. Зимнан дар маҳбасҳо қонунҳои нонавиштае амал мекунанд, ки риояи онҳо барои ҳар як зиндони ба истилоҳ фарз аст. Ва он ҷо низ маҳбусоне болодастӣ мекунанд, ки зуру тавон доранд. Раиси маҳбасҳои Тоҷикистон Мирзомуддин Зиёев мавҷудияти ихтилоф байни зиндониёнро рад кард ва гуфт, ки дар ин масъала иттиҳоди комил ҳукмфармост. У ба суоли дигари мо оиди аз гуруснагӣ фавтидани маҳбусон гуфт, ки дар солҳои 1993-1995 ин гуна ҳодисаҳо вуҷуд доштанд. Аммо ду се соли ахир вазъ комилан дигар шудааст. Маҳбусҳо бо клиника ва доруворӣ таъминанд ва касе бе кумаки тибби намемонад. Аммо як нозири маҳбусон аз зиндони муваққатии шаҳри Душанбе мегуяд, баъзе аз муҷримон, ки аввал дар маҳбаси онҳо буданд ва баъди эълони ҳукми додгоҳ ба зиндон интиқол ёфтанд, бар асари гуруснагӣ ва бемориҳои мухталиф ба ҳалокат расиданд. У дар бораи 8 нафар суҳбат кард, ки ҷасадҳояшонро шахсан дидааст.

Баъди истиқлолият теъдоди маҳбасҳои Тоҷикистон афзоиш наёфт ва тармимҳои ҷидди дар биноҳои фарсуда, ки беш аз 40 50 сол умр доранд, ҷараён нагирифтанд. Аз руи қонуни маҳбас, ва риояи гигиена ҳар як маҳбус бояд дар фосилаи панҷ метр аз дигаре ҷойгир бошад. Мақомоти маҳбасҳо мегуянд, ки ин қонун дар зиндонҳо амал мекунад. Аммо худи маҳбусон мегуянд, ки он чандон риоя намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки теъдоди ҷинояткорон ҳамасола меафзояд ва маҳбусони нав ба зиндониёни куҳна илова мешаванд. Ба гуфтаи раиси шурои адлияи Тоҷикистон Мизроб Кабиров теъдоди онҳое, соли равон ба маҳбас интиқол ёфтанд, дар муқоиса бо соли гузашта бештар аст. У мегуяд, рақамҳо нишон медиҳанд, ки дар тули як сол 1 ҳазору 800 парвандаи ҷинои кушода шуда 1600 нафар ба зиндонҳо интиқол ёфтанд.

Зимнан, ҳар сол ба муносибати рузи истиқлолияти Тоҷикистон раиси ҷумҳур теъдоде аз зиндониёнро афв мекунад. Аммо бештар нафароне бахшида мешаванд, ки ё синашон ба ҷое расидааст ва ё гуноҳҳои сабук доранд.

Агар аз шуриши чанд сол пеш дар маҳбаси шаҳри Хуҷандро, ки хисороти ҷонӣ дошт, сарфи назар кунем, дар маҷмуъ зиндониёни тоҷик ошубгар нестанд ва кушиш мекунанд, ки тарибу интизомро риоя кунанд. Вале оё дар ҷавоб ба риояи қонуну тартибон онҳо аз мақомоти маҳбас чӣро интизоранд. Аксар собиқ мабусоне, ки хабарнигорони мо бо онҳо суҳбат доштанд, мегуянд, ки барои маҳбус аввал ғизову сару либос баъдан ҷойи кор муҳим аст. Дар гузашта маҳсулоти истеҳолгардаи зиндонҳои Тоҷикистон, ки хеле босифат буданд, ба зуди харидорӣ мешуданд. Ва маҳбусон ба оилаҳои худ кумак намуда, то озод шудан як миқдор пул ҷамъ мекарданд. Ҳоло вазъ чӣ гуна аст. Ба гуфтаи оғои Зиёев дар ҳар як маҳбас корхонаи худд мавҷуд аст, ки бахши бузурки маҳбусонро бо кор таъмин мекунад. Зиндониҳо, зарфи рузғор месозанд, мармар метарошанд ва ҳатто дар заминҳое, ки Вазорати Дохилӣ иҷора гирифтааст, пахта мекоранд. Маблағи ҷамъшуда дар таъмини рузгори худи маҳбусон сарф мешавад. Созмони байналмилаии Салиби Сурх дар гузоришҳои қаблии худ роҷеъ ба афзоиши бемории сил дар маҳбасҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи ин созмон хуҷраҳои рутубатноки маҳбас ба фавти беморони туберкулёз сабаб мешванд. аммо Мирзомуддин Зиёев мегуяд, туберкулёз дар маҳбасҳои Тоҷикистон аз Аврупо дида камтар аст. Маҳбаси занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, кисмати шимолии кишвар воқеъ аст, ки барои 300 нафар бунёд ёфта буд. Солҳои қаблӣ дар ин муассиса аз Тоҷикстон ҳамагӣ 10 15 нафар зиндонӣ буданд, боқи аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи интиқол меёфтанд. Аммо ҳоло баръакс, аз хориҷ 10 15 нафар, ки онҳо низ дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, ва боқӣ ҳама шарвандони тоҷикистон мебошанд. Феълан дар ин маҳбас ба ҷойи 300 нафар 629 маҳбус ҷойгир шудаанд. 10 дар сади онҳо занҳои аз 50 сола боло ва 90 дар сад занони ҷавонанд, ки ҳар яке ҳади ақал се фарзанди доранд. 70 дар сади онҳо бо қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Мизроб кабиров, раиси шурои адлияи Тоҷикистон мегуяд, ки соли равон беш аз 300 зан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳбус шуданд. У меафзояд дар пеши қонун зану мард баробаранд аммо дар баъзе ҳолатҳо ҳукми додгоҳ фарди карда шудаст. Зиндонии собиқ аз маҳбаси занонаи Хуҷанд, Ирина, ки бо ҷурми дуздӣ ду солро дар ин муассиса сипари кардааст, мегуяд, занҳо дар роҳрав дар руи замин ва дар байни катҳо мехобиданд. Як нафар ҳатто кудак дошт. Албатта талоши Тоҷикистон дар мавриди муҷозоти онҳое, ки қонунро поймол мекунанд, қобили фаҳм аст, вале масъулият дар баробари маҳбусон, ки аз онҳо ислоҳшавиро интизоранд вазифаи давлат аст. Муҷозоте, ки ба шакли маҳрумият аз озодӣ таъин мешавад, як ҳадафи аслӣ дорад. Ислоҳи инсон. Аз роҳи бад ба роҳи дуруст равона кардани он. Аммо ин ҳадаф дар ҳоле амалӣ мешавад, ки инсон дар маҳбас ба ҷуз озодӣ ҳама чизи дигар, хурок, муоинаи тиббӣ, дастраси ба ахбор, умуман ҳар як чизеро, ки инсон ба он ниёз дорад дошта бошад. То баъди гузашти солҳо дар зиндон ба қадри озодие, ки надошт, бирасад. Дар сурати набудани чунин шароит, ки маҳбусонро бештар ҷангҷую бетаҳаммул мекунад, ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки ин афрод баъди озод шудан дубора даст ба ҷинояткорӣ назанад. Аз вакили мудофеъ Давлат Саркоров мепурсам, ки оё дар шароите, ки маҳбасҳои Тоҷикистон доранд, ислоҳи ҷинояткорон имкон дорад? У мегуяд бо чунин шароит зиндониён асло илоҳ гамешаванд, баръакс, хашмгину ҷангҷу мешаванд. Ба гуфти оғои Саркоров, вақте, ки инсон ба маҳбас меафтад, давлат вазифадор аст, ки ҳадди ақал уро бо ғизову сару либос таъмин кунад, ҳадди ақал, дар як ҳафта як бор ба ҳаммом барад. У меафзояд, зиндонӣ ҳам инсон аст ва ҳаққи зистан дорад. Ахиран парлумони Тоҷикистон ба омузиши лоиҳаи қонун дар бораи кодекси ислоҳоти меҳнатӣ шуруъ кард, ки ба гуфтаи кумитаи ҳуқуқи башари парлумон Зариф Алиев ислоҳи ин санадро қонунҳои демократӣ ва башардустона тақозо мекунанд. Ба назари Зариф Алиев баъди ислоот як қатор беҳбуди ва нармиш дар режими маҳбасҳо ҷорӣ хоҳад шуд. Агар ин қонун ба қонунҳои татбиқнашудаи Тоҷикистон илова нашавад, эҳтимолан вазъи зиндониён дар маҳбасҳо бештар хоҳад шуд. Ва тарсу ҳарос мақомоти маҳбас аз ташрифи созмонҳои байналмилалӣ ба ин муассисаҳо низ аз байн хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG