Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар ҷустуҷуи моҳвораи нав барои радио ва телевизион аст



Саидқосими Қиёмпур

Вазорати алоқаи Тоҷикистон гуфт, барои таъмини пахши барномаҳо ба тамоми қаламрави Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо, мехоҳад аз моҳвораи Русия, ки тавони иҷрои ин вазифаро надорад, даст кашад.

Вазорати Алоқаи Тоҷикистон ҳамчун масъули пахшу қабули барномаҳои радио ва телевизиони кишвар гуфт, барои таъмини пахши барномаҳо ба тамоми қаламрави Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо, мехоҳад аз моҳвораи Русия, ки тавони иҷрои ин вазифаро надорад, даст кашад. Муовини вазири алоқаи Тоҷикистон Шералӣ Наҷмиддинов дар суҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Кумитаи Садо ва Симои Ҷумҳурӣ феълан дар ҷустуҷуи моҳвораи алтернатвӣ мебошад. Ба гуфтаи оғои Наҷмиддинов барои татбиқи ин барнома дастгоҳҳои ҷадид харидорӣ шудаанд. Муовини вазири алоқа ҳамчунин гуфт, ки дар қаламрави Тоҷикистон тарзи қочоқии пахши баъзе шабакаҳои телевизионии Руссия ҷой доранд, ки ба лашкари 201уми Русия рабт доранд. Шабакаи телевизионии ТВ-6 ва НТВ аз стансияи телевизонии лашкари 201ум, бидуни иҷоза пахш мешаванд. Дар ин бора мақомоти кишвар ва додситонии Тоҷикистон дар ҷараён гузошта шудаанд. Муовини вазир афзуд, ки Тоҷикистон ба таври иҷборӣ ин барномаҳоро катъ карда наметавонад ва аз ин ру интизори он аст, ки низомиёни рус барои гирифтани иҷозатнома ё литсензия ба Кумитаи Садо ва Симои кишвар муроҷиъат кунанд.

XS
SM
MD
LG