Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Форуми Шанҳай бидуни қабули ягон санади муҳим поён ёфт



Соҷидаи Мирзо

Мулоқоти коршиносони Форуми Шанҳай дар Бишкек бидуни қабули ягон санади муҳим, вале бо нигаронии амиқ аз эҳтимоли ҳуҷуми навбатии ҷангиёни исломии узбак ба Қирғизистон ва Узбакистон поён ёфт.

Мулоқоти коршиносони Форуми Шанҳай дар Бишкек бидуни қабули ягон санади муҳим, вале бо нигаронии амиқ аз эҳтимоли ҳуҷуми навбатии ҷангиёни исломии узбак ба Қирғизистон ва Узбакистон поён ёфт. Мавзуъи аслии нишаст, ки ду руз идома дошт, таъсиси маркази зидди террористӣ буд, ки дар мулоқоти қаблии сарони кишварҳои узви Форуми Шанҳай, Тоҷикистон, Руссия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон матраҳ шуда буд.

Ҷониби Тоҷикистон ва Руссия дар ин нишаст изҳор доштанд, ки заминаи ҳуқуқӣ барои таъсиси чунин марказ омода нест. Чин мегуяд, ин гуна санад то мулоқоти навбатии сарони кишварҳо омода хоҳад шуд. Зимнан як чунин ниҳод дар байни кишварҳои узви созишномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ низ таъсис ёфтааст, ки мақарри он дар Маскав аст. Эҳтимолан фаъолиятҳои Чин дар бахши таъсиси маркази зидди терористӣ дар Бишкек Маскавро нороҳат мекунад. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони рус мақомоти кишварро аз афзоиши нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ва ба нақши дуюм гузаштани Маскав ҳушдор медиҳанд. Душанбе ва Маскавро дар ин нишаст мақомоти баландпоя намояндагӣ накарданд. Ҳар ду кишвар бо фиристодани намояндаи вазорати хориҷӣ иктифо намуданд. Аз суи дигар бархе аз коршиносон бар онанд, ки Маскав ба тағйири вазъи амниятӣ дар Осиёи марказӣ манфиъатдор нест ва намехоҳад фишанги аслии нуфуз бар ин кишварҳо, ваҳму хавф аз тероризми исломиро аз байн равад.

Нишасти Бишкек аз ҷониби Узбакистон сарфи назар шуд, ҳачанд дар ҷаласаҳои қаблӣ ин кишвар ба ҳайси нозир ҳузур дошт. Узбакистон низ аз баҳори пешомад интизороти хуб надорад, аммо мегуяд, тавони онро дорад, ки худро мустакилона дифоъ кунад.

Қазоқистон, ки ба проблемаи ҷудоихоҳӣ, ба вежа дар бахши руснишини кишвар ру ба ру шудааст, манофеъи муштараки худро бо Чин таъкид кард ва изҳор дошт, ки ҳеҷ гоҳ ба пойгоҳи ҷудоихоҳони Уйғур табдил нахоҳад ёфт. Хатари вуруди ҷангиёни исломии узбак ба Қазоқистон низ чандон кучак нест ва хадамоти амниятии кишвар мегуянд, ки баъзе гуруҳҳо аллакай дар Чимкенти ин кишвар буду бош доранд.

Аммо интизороти Қирғизистон аз баҳору тобистони пешомад, нигаронкунанда аст. Ба маълумоти котиби амнияти Қирғизистон Аскарбек Мамиев ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон дар манотиқи куҳдомани Тоҷикистон ҷамъ шудаанд. Мамиев ҳуҷуми дубора ба манотиқи ҷанубии Қирғизистон ва Узбакистонро аз эҳтимол дур намедонад.

Тоҷикистон, ки ахиран аз интиқоли гуруҳи бузурги ҷангиёни исломӣ ба Афғонистон гузориш дод, мегуяд, ки қаламрави кишвар аз ин гуруҳҳо орӣ шудаст.

Дар ҳамин ҳол хадамоти иттилоотии Олмон, мақари он дар Бавария бо ишора ба зуҳури низоъи калон дар Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳад, ки артиши Русия тавони муқовимат бо ҷангиёнро нахоҳад дошт. Ба иттилои ин хадамот интизор меравад, ки баҳори пешомад, ду се ҳазор ифротгарои исломӣ ба Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҳуҷум кунанд.

Зоҳиран чанд сол аст, ки мавзуъи амният ва мубориза бо гуруҳҳои исломӣ дар Осиёи Маркази аз як нишаст ба нишасти дигар кашонда мешавад, аммо бидуни натиҷа ва дараёфти роҳи ҳалли мушаххас. Ҳузури гуруҳҳои исломӣ ва заъиф шудани вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ мақомоти кишварҳои минтақаро бо якдигар ба ихтилоф меандозад ва ҳар якеро дар алоҳидагӣ ба Русия бештар побанд мекунад.

XS
SM
MD
LG