Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон хавф дорад, ки тундгароҳои исломӣ имсол ҳуҷуми боз ҳам васеътаре ба роҳ хоҳанд монд



Хоҷаи Мирзода

Дар вохӯрии Бешкек ҳайатҳои панҷгонаи Шанҳай: Русия,Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкили як маркази зиддитеррористиро баҳс намуданд.

Қирғизистон хавф дорад, ки тундгароҳои исломӣ имсол ҳуҷуми боз ҳам васеътаре ба роҳ хоҳанд монд. Дар фаслҳои тобистону тирамоҳи солҳои 1999 ва 2000ум онҳо бар зидди нерӯҳои Қирғизистону Узбакистон қиём намуда буданд. Рӯзи чоршанбе дар мулоқоти намояндагони расмии панҷ кишвари узви панҷгонаи Шанҳай дар шаҳри Бешкек муовини Шӯрои Амнияти Қирғизистон генерал Аскарбек Мамеев гуфт: "Тибқи иттилои ба мо расида ҳуҷуми ҷангҷӯёни исломӣ имсол назар ба ду соли пеш барвақттар ва васеътар хоҳад буд. Шояд онҳо дар оғози баҳор ҳуҷум кунанд." Хабаргузории Рейтерс аз Бешкек гузориш медиҳад, ки қисме аз тундгароҳои исломӣ дар Тоҷикистон мустақар буда, эҳтимолан аз тарафи Толибони афғон пуштибонӣ мешаванд. Дар мулоқот намояндаи Вазорати Умури Хориҷии Тоҷикистон Тоҳир Аҳмадов мавҷудияти тундгароҳои исломӣ дар қаламрави ин кишварро такзиб намуд. Ӯ гуфт: "Мо чунин маълумот надорем. Гурӯҳҳое буданд, вале мо онҳоро ба кишвари ҳамсоя интиқол додем." Дар вохӯрии Бешкек ҳайатҳои панҷгонаи Шанҳай: Русия,Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкили як маркази зиддитеррористиро баҳс намуданд. Тавре ки хабарнигори Радиои Озодӣ аз Бешкек маълумот медиҳад, намояндагони Русияву Тоҷикистон иброз доштанд, ки феълан барои ташкили маркази зиддитеррористӣ заминаи қонунӣ мавҷуд нест. Ҳайати Чин бошад, пешниҳод кард, ки то моҳи март лоиҳаи чунин ҳуҷҷат тарҳрезӣ шавад. Муовини Шӯрои Амнияти Қирғизистон генерал Аскарбек Мамеев илова кард, ки агар ҳуҷҷат, яъне базаи қонунии ташкили маркази зиддитеррористӣ, то моҳи июн омода мешуд, сарони кишварҳо дар мулоқоти худ дар шаҳри Шанҳай бо он шинос шуда метавонистанд. Рӯзноманигорон аз генерали қирғиз хоҳиш карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои маркази зиддитеррористии мавриди баррасӣ иттилои бештар диҳад. Аскарбек Мамеев гуфт: "Набояд фикр кунем, ки агар маркази зиддитеррористӣ, таъсис ёбад, муҷоҳидон зуд ҳуҷумҳои худро қатъ мекунанд ва ин марказ онҳоро торумор мекунад. Марказ воҳидҳои таъйиноти махсус нахоҳад дошт, ки бо ишораи мо рафта гурӯҳеро дар кадом маконе маҳв намояд. Марказ бо таҳқиқу таҳлили вазъи минтақа машғул мешавад ва сарони кишварҳоро бо иттилоъ таъмин мекунад. Хазинаи маълумот ва пажуҳишҳо ташкил мешавад ва он ба сарони кишварҳо машварат медиҳад, ки ҳангоми амалиёти низомӣ ба кадом паҳлӯҳо мутаваҷҷеҳ бошанд." Генерали қирғиз афзуд, ки дар ҳоли ҳозир чор манбаъи асосии нооромӣ дар минтақа, якум: идомаи ҷанг дар Афғонистон, дуюм фаъолияти Ҳизбут Таҳрир дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, сеюм амалиёти ҷудоихоҳони мазҳабӣ дар вилояти Шинҷони Чин ва чорум ҳамлу нақли маводи мухаддир дар минтақа мебошанд. Ба қавли коршиносон барои ташкили маркази зиддитеррористии панҷгонаи Шанҳай бояд чандин мулоқоти коршииносони кишварҳои узв доир шавад.

XS
SM
MD
LG