Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо намояндаи Комисарияти Олии СМ Доир ба Паноҳандагон Роберт Кулвел



Саиди Сабоҳ

Беш аз 10 ҳазор паноҳандагони афғон дар ҷазираҳои кучаки дарёи Панҷ дар байни сарҳадоти Афғонистону Тоҷикистон дар шароити мусибатангез ба сар мебаранд.

Беш аз 10 ҳазор паноҳандагони афғон дар ҷазираҳои кучаки дарёи Панҷ дар байни сарҳадоти Афғонистону Тоҷикистон дар шароити мусибатангез ба сар мебаранд. Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон пайи ҳам тақозо мекунад, ки роҳро барои гузариши ин афрод ба хоки Тоҷикистон боз намояд, аммо ҳукумати Тоҷикистон баён мекунад, ки дар байни паноҳандагон афроди мусаллаҳ вуҷуд доранд ва ин кишвар ба пазириши онҳо ҳозир нест.

Мо аз намояндаи Комисарияти Олии СМ Доир ба Паноҳандагон Роберт Кулвел, ки дар ин кушишҳо мустақиман даст дорад савол намудем, ки бо назардошти вазъи фалокатбори паноҳандагони афғон дар рудхонаи Панҷ вокуниши ҳукумати Тоҷикистон барои пазируфтани онҳо чӣ гуна мебошад?

Роберт Кулвел -- "Ҷавобҳое, ки мо ба даст овардем мухталиф буданд, вале ҳақиқат ин аст, ки паноҳандагон дар ҷое, ки ҳастанд боқӣ мемонанд, яъне дар дарёи Панҷ дар байни сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон. Беш аз 10 ҳазор нафар ба ин манотиқ паноҳ оварданд ва умуман дар ду маҳал сокин шуданд. Ин манотиқ ҷазира нестанд, балки хушкаҳои баромада дар рудхона мебошанд. Дар яке аз ин хушкаҳо, ки аз ҳама бештар дар шарқ воқеъ мебошад ҳудуди ду ҳазор нафар ба сар мебаранд. Ин мардум воқеан дар шароити хело ногувор қарор доранд. Идораҳои хайрия дар ин авохир тавонистанд як кумаки хеле маҳдуд ба ин мардум бирасонанд. Дар айни замон, ин мардум дар тирраси қувои Толибон дар он тарафи рудхона қарор доранд ва баъзан гулулаҳои туп ва мушак ба ин манотиқ исобат мекунад. Дараҷаи беморӣ ва маразҳои сирояткунанда хеле баланд аст. 90 то 95 фоизи онҳо афроди мулкӣ ва осоишта мебошанд. Мо бидуни шак мехоҳем, ки ин афрод аз соҳили рудхона ба ҷои дигар интиқол дода шаванд ва дар ҷое маскун гарданд, ки идораҳои хайрия битавонанд ба онҳо дуруст кумак бирасонанд. Акнун расонидани кумак душвор мебошад, зеро минтақа ҳеҷ гуна амният надорад."

Дар натиҷаи сардии ҳаво ва мушкилоти нақлиётиву давоми бархӯрд дар шимоли Афғонистон сафари ҳайатҳои байналмилалии хайрия ба дарёи Панҷ аз тариқи Афғонистон хеле мушкил ва ҳатто номумкин мебошад ва аз ин сабаб идораҳои хайрия кӯшиш мекунанд, аз роҳи Тоҷикистон ба ин манотиқ омада аз вазъи паноҳандагон огоҳ шаванд, ки он ҳам чандон кори осон нест. Намояндаи Комисарияти Олии СМ дар умури паноҳандагон гуфт:

Роберт Кулвел -- "Комисарияти Олии СМ Доир ба Паноҳандагон ва дигар идораҳои хайрия гоҳо аз ин истиқоматгоҳҳо дидан мекунанд. Аммо ин манотиқ дар тиррас қарор доранд ва мо дар бораи амнияти хеш эҳсоси ташвиш мекунем. Аз ин сабаб ба таври мисол мо наметавонем шабро дар ин минтиқа бигузаронем ва барои расидан ба ин ҷо замони бештар лозим аст ва шумо бояд аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳам ҳуҷҷатҳои амниятӣ ба даст биёред, то ба ин ҷо сафар мумкин шавад. Аз ин сабаб кумакҳо хеле пароканда мебошанд. Шумо наметавонед кумакҳоро дар чунин шароит дуруст интиқол бидиҳед. Дар дарозмуддат, зиндагӣ дар ин маҳалҳо қобили тасаввур ҳам нест, зеро дар баҳор мумкин аст ин хушкаҳо зери об шаванд. Ҳадафи мо ҳанӯз ҳам ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистонро қонеъ созем то назари хешро тағъир диҳад ва уҳдадориҳои байналмилаливу қонунии худро дар робита бо паноҳандагон риоя намояд."

XS
SM
MD
LG