Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари таркиши мина дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ду нафар ҳалок шуд



Мирзонабии Холиқзод

Дар ин ҳодиса, ки шаби сешанбе дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ба вуқӯъ пайваст, се каси дигар ҳам захм бардошт.

Раҳбари хадамоти марзбони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар яке аз майдонҳои мина, воқеъ дар марз миёни Тоҷикистону Узбакистон ду нафар ба ҳалокат расид. Ба қавли Саиданвар Камолов бар асари таркиш се каси дигар захм бардошт. Дар бораи шаҳрвандии қурбониҳо маълумот нашр нашуд. Ин ҳодиса шаби сешанбе дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти Узбакистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди шӯришгарони исломӣ дар манотиқи марзӣ мина гузоштаанд.

Раҳбари хадамоти марзии Тоҷикистон Саиданвар Камолов гуфт, ки аз замони ташкили майдонҳои мина дар моҳи августи соли гузашта то имрӯз 22 нафар бар асари инфиҷорҳо ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG