Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду созиш оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба имзо расид



Мирзои Салимпур

Дар шаҳри Тошканд дар поёни музокироти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии нахуствазири кишвар Оқил Оқилов бо мақомоти Узбакистон ду созиш оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.



Сеюми феврал дар шаҳри Тошканд дар поёни музокироти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии нахуствазири кишвар Оқил Оқилов бо мақомоти Узбакистон ду созиш оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Сеюми феврал дар шаҳри Тошканд дар поёни музокироти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии нахуствазири кишвар Оқил Оқилов бо мақомоти Узбакистон ду созиши муҳим оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ба имзо расид. Яке истифодаи оқилонаи захираҳои обу нерӯ ва пардохти қарзи давлатии Тоҷикистон ва дигаре таъмини кишвар бо газу маҳсулоти нефти Узбакистон бар ивази транзити қатораҳои роҳи оҳани Узбакистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

Мусайябшоҳ Назриев муовини вазири хоҷагии оби ҷумҳурӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон аз моҳи май то сентябр заминҳои кишти ҷумҳурии ҳамсояро бе маҳдудият бо об таъмин мекунад. Дар ҷавоб Узбакистон дар моҳҳои марту апрел ба Тоҷикистон бемаҳдудият барқ интиқол мекунад. Раиси ширкати "Тоҷиккоммунсерсис" Муҳаммадрӯзӣ Искандаров таъкид кард: Дар ҳоле ки соли равон нархи ҳазор метри мукааб гази табиӣ барои Тоҷикистон ҳамоно панҷоҳ доллар боқӣ мемонад, миқдори содироти гази Узбакистон камтар хоҳад буд. Рӯзи панҷуми феврал Искандаров барои идомаи музокирот ба Тошканд баргашт.

XS
SM
MD
LG