Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбекистон ба 70 тоҷик ва мошинҳои боркаши онҳо иҷозаи вуруд аз Қазоқистонро дод



Мирасрори Фарғонӣ

Ронандагони тоҷик аз 24уми декабр дар марзи Узбекистону Қазоқистон дармонда буданд.



Ронандагони тоҷик аз 24уми декабр дар марзи Узбекистону Қазоқистон дармонда буданд. Мақомоти узбек ба ин далел ба ронандагони тоҷик ҳаққи воридшавӣ аз хоки Қазоқистон ба Узбекистонро намедоданд ки, онҳо визаи транзитии Узбекистонро надоранд. Аммо тибқи гузориши хабарнигори РО, ронандагон бо пардохти ҷарима тавонистанд аз нуқтаи марзии Ғунқирот дар Каракалпоқистон вориди Узбекистон шаванд. Баъзе аз ронандагон ба мухбири РО гуфтанд, ки онҳо дар Узбекистон бо ришваситонӣ ва латукуби милитса рубарӯ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳамаи ронандагон бо мошинҳои боркаши худ аз роҳи Бухоро ва Нов ба тарафи Тоҷикистон мераванд.



XS
SM
MD
LG