Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев бо мақомоти Ҷопон



Обиди Шакурзода

Вазири вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон Иоҳимо Коно дар Токио рӯзи панҷшанбе гуфт, "размандагон аз Тоҷикистон пурра ронда шуданд".

Ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС вазири вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев дар Токио, пойтахти Ҷопон, изҳор дошт, ки размандагон аз қаламрави Тоҷикистон пурра ронда шуданд. Вай ин нуктаро дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон Иоҳима Коно баён намуд. Вазири Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфтааст, ҷанги дохилӣ боиси талафоти бузург дар кишвараш шудааст ва акнун бо барқарории сабот, Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодист. Вазири хориҷии Ҷопон иброз дошт, ки Ҷопон ният дорад, ба Тоҷикистон ёриҳои ҳаматарафа расонад.

XS
SM
MD
LG