Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Тоҷикистон ҷомеъаи ҷаҳониро ба кӯшиши ҷиддӣ дар роҳи сулҳи Афғонистон даъват кард



Мирзонабии Холиқзод

Фиристодаи хоси Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон Френсиск Виндрелл рӯзи чаҳоршанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфтушунид кард.



Райиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар мулоқот бо фиристодаи хоси Милали Муттаҳид Френсиск Виндрелл рӯзи чаҳоршанбе дар Душанбе аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват намуд, дар ҳалли низоъи Афғонистон кӯшиши бештар кунад. Вай ҳамчунин даъват кард, ки кӯмак ба паноҳандагони афғон дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон зиёд карда шавад. Вале ба дархости Френсиск Виндрелл, Фиристодаи хоси Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон дар бобати ба минтақаи амни Тоҷикистон нақл кардани паноҳандагони рӯдхонаи Панҷ раҳбари Тоҷикистон посухи рад дод. Дар нишасти матбуотӣ ҷаноби Виндрелл гуфт, ташвиши раҳбарияти Тоҷикистонро ба хубӣ дарк мекунад, аммо ин чиз тасаввурнопазир аст, ки паноҳандагони афғон дар зимистони сард дар ҷазираҳо чӣ гуна фасли сарморо ба сар мебурда бошанд. Фиристодаи Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе инчунин бо сафири Федерасиюни Русия дар Тоҷикистон дидор ва гуфтушунид намуд.

XS
SM
MD
LG