Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзномаи Коммерсант: чархболҳои Тоҷикистон тарафдорони Намангонӣро аз Тавилдара ба Афғонистон интиқол доданд



Саидқосими Қиёмпур

Аммо мақомоти Тоҷикистон хабари рӯзномаи Коммерсантро такзиб карданд.

Рӯзномаи Коммерсант, чопи Маскав, рӯзи сешанбе хабар дод, ки зиёда аз сесад тарафдори Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аз Тавилдара бо чархболҳои ширкати ҳавойии Тоҷикистон ба қаламрави Афғонистон интиқол дода шуданд. Аммо маълум нест худи Намангонӣ дар Тавилдара ҳаст ё не. Коммерсант менависад, ки ин маълумотро аз вазорати вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон гирифтааст. Аммо муовини Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Нуралишоҳ Назаров дар гуфтугӯ бо хабарнигори мо иттилоъи мазкурро рад намуд. Вай гуфт ҳеҷ гуна парвозҳо ба Афғонистон сурат нагирифтаанд. Таври маълум тайи се ҳафтаи ахир ҳайъати вижаи ҳукумати Тоҷикистон борҳо ба Тавилдара сафар карда, дар ин минтақа як комендатураи ҳарбӣ таъсис дод, вале ҳар бор хабари ҳузури мусаллаҳони исломии ӯзбакро дар ноҳия рад намудааст.

XS
SM
MD
LG