Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳоти идории ҳукумати Тоҷикистон аз назари мушовири хориҷӣ



Хоҷаи Мирзода

Эд Ҳанкинс, намояндаи ширкати австралиявии Смек ба суолҳои Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ оиди ислоҳоти идории ҳукумати Тоҷикистон посух медиҳад. Ширкати Смек дар сабқат ва ё тендер пирӯз шуда, ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳад.

Эд Ҳанкинс, намояндаи ширкати австралиявии Смек ба суолҳои Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ оиди ислоҳоти идории ҳукумати Тоҷикистон посух медиҳад. Ширкати Смек дар сабқат ва ё тендер пирӯз шуда, ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳад.

Радиои Озодӣ -- Дар ҷараёни ислоҳоти идории ҳукумати Тоҷикистон аз 56 вазорату кумитаи давлатии ҳамагӣ 19-то боқӣ мемонад. Гуфта мешавад, ки ислоҳот аз боло шурӯъ шуда, то поин идома меёбад. Дар ин вазъият аз эҳтимол дур нест, ки теъдоди бузурги мутахассисон бекор монанд. Оё ширкати Смек, ки бахше аз барномаи Бонки Ҷаҳонӣро амалӣ мекунад, нисбати сарнавишти кормандони бекормонда тасмиме мадди назар гирифтааст?

Эд Ҳанкинс -- Ҳама вақт ҳангоми гузаронидани ислоҳот як муддати азнавтанзимкунӣ ҷо дорад. Дар ислоҳоте, ки феълан дар Тоҷикистон татбиқ мешавад, унсури ва ё сиёсати бузурги хусусигардонӣ ба чашм мехӯрад. Ташкили соҳибкорӣ ва ғайридавлатикунонии муассисаҳо ҷойҳои нави корӣ, ҷойҳоеро, ки қаблан мутаалиқи ҳукумат ва вазоратҳо буданд, ба вуҷуд меорад. Дар ҳар сурат муддати азнавтанзимкунӣ , мутаассифона, ҷо дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар Русия ва ҳатто дар мамолики Ғарбӣ ҳам чунин ҳолатҳо мушоҳида мешаванд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки тавсеаи ислоҳот ва зуҳури иқтисоди бозорӣ имконоти бештари кортаъминкунӣ фароҳам меоранд.

Радиои Озодӣ -- Роҳи дар пеш гирифтаи ширкати шумо дар додани машварат ба ҳукумати Тоҷикистон чист?

Эд Ҳанкинс -- Ҳадаф ва вазифаи ширкати Смек дар ҷараёни ислоҳоти идории ҳукумати Тоҷикистон се самтро дар бар мегирад. Аввалан: машварат дар мутобиқсозии фаъолияти тамоми вазоратҳову идораҳои давлатӣ ба тақозои иқтисодӣ бозорӣ, яъне гузариш аз тарзи раҳбарии маъмурӣ ба иқтисодӣ. Сониян: машварат дар танзими хадамоти шаҳрвандӣ ё тавре мегӯянд кор дар муассисаҳои давлатии Тоҷикистон, ки он асосан аз таълиму тамрини кормандон ва тараққии захираҳои инсонии ҳукумат иборат мебошад. Ва ниҳоят унсури сеюми кори ширкати машваратии Смек тарҳрезии стратегияи маоши сектори ҷамъиятӣ мебошад. Татбиқи ин лоиҳа, яъне баланд бардоштани маош ва мақоми ходимони соҳаи ҷамъиятӣ боис хоҳад шуд, ки шахсони ҳирфаӣ ба истилоҳ "профессионалҳо" ба ин соҳа ҷалб шаванд.

Радиои Озодӣ -- Оё пешниҳодҳои ширкати Смек мавриди баррасиву баҳси мақомоти ҳукуматӣ қарор намегиранд?

Эд Ҳанкинс -- Дар баъзе масълаҳо баҳс ба назар мерасад, ки он ҳам асосан ҷонибҳои техникиро дар бар мегирад. Ҳукумат машваратҳоро , ки ба ҳайси бахше аз барномаи таҳти маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ пешкаш мешаванд, ба таври объективона қабул мекунад."

Радиои Озодӣ -- То ҷое маълум аст, ислоҳоти ҳукумат раванди доимо тағйирёбанда мебошад. Одатан кишварҳо як модел , як намунаеро гирифта, иқтисоди худро ба он мушобеҳ месозанд. Дар мавриди Тоҷикистон кадом намунае вуҷуд дорад?

Эд Ҳанкинс -- Ба фикри ман барои Тоҷикистон беҳтарин он моделе мебошад, ки бо дар назар дошти шароити Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Ман ба ҳар гуна суханрониҳо , ки "Мо бояд ин ва ё он моделро намуна бигирем" ба назари шубҳа менигарам . Ман тарафдори онам, ки модел вобаста ба шароит пазируфта шавад. Ду кишварро наметавон ёфт, ки пурра шабеҳи ҳамдигар бошанд, ба мисли он наметавон ду иқтисодро пайдо кард, ки комилан монанди якдигар бошанд. Ислоҳоти идорӣ дар аксари кишварҳои Аврупо ва Ғарб низ идома дорад. Дар он ҷо ҳам иқдомоҳ мутобиқ ба тараққии кишвар қабул карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ , ба фикрам, аксари ғояҳои ислоҳот чизи нав мебошанд, зеро сохти иқтисодии нав: ба ҷои иқтисоди маъмурӣ иқтисоди бозорӣ сари қудрат меояд.

XS
SM
MD
LG