Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи роҳи ҳавоии Хуҷанд--Машҳад



Илҳоми Ҷамолиён

Якшанбеи 28ӯми январ нахустин парвози ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон дар хатти Хуҷанд--Машҳад ба амал омад.



Рӯзи якшанбе аввалин парвози ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон дар хатти нави ҳавоии Хуҷанд--Машҳад--Хуҷанд амалӣ гардид. Пеш аз иҷрои парвози мазкур дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд маросими идона дойир шуд, ки дар он ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни устони Хуросони Эрон ва вилояти Суғди Тоҷикистон номида шуд. Дар аввалин парвози ҳавопаймои русисохти Ту134 ҳайъати ҳукумати вилояти Суғд таҳти сарварии муовини райиси вилоят Иноят Раҳимов, намояндагони навоҳии вилоят, тоҷирон ва соҳибкорон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Дар парвози ҷавобӣ ҳамингуна ҳайъати расмии Машҳад ба Хуҷанд хоҳад омад. Мақомоти тоҷику эронӣ ба оғози ҳаракат дар хатти ҳавоии мазкур назари мусбат дошта, бар ин аст, ки имконияти нави таҳкими равобит бояд босамар истифода шавад.

XS
SM
MD
LG