Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси 26 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав



Салими Аюбзод

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав эҳтимолан бо айбномаҳои қалбакии қочоқи силоҳ ва ҳамкорӣ бо чеченҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Полиси Маскав мегӯяд, 26 шаҳрванди Тоҷикистонро бо айбномаи қочоқи силоҳу муҳимот, маводи мухаддир ва кӯмак ба ҷудоихоҳони чечен ба ҳабс гирифт. Ба гуфтаи ин манбаъ боздоштшудагон дар амалиёти ҳарбӣ зидди нирӯҳои федерол ҷангида, сипас ба Маскав омадаанд ва дар ин ҷо бо тармиму таъмири биноҳо машғул шудаанд. Ду нафари онҳо Абдулло Ватанови 32сола ва Рустам Ойаҳмадови 33сола дар манзили худ як чанд дона тир, норинҷаки дастӣ ва даҳ грамм ҳеройин доштаанд. Кофтукови хонаи як узви дигари гурӯҳ, тибқи хабари полис, варақа ва шабномаҳоеро ифшо кардааст, ки дар онҳо даъвати ширкат дар артиши Ичкерия бо имзои президент Аслан Масҳадов чоп шудааст. Полиси Маскав мегӯяд, ба муқобили ин тоҷикон парвандаи ҷиноии марбут ба силоҳ ва маводи мухаддир боз шуда, иштироки онҳо дар ҷанги чеченистон таҳти пажӯҳиш аст. Корманди созмони ҳуқуқи инсони Мемориал Олга Черепанова мегӯяд, ба Маркази ҳимояи ҳукуки инсони Мемориал аз тоҷикони Маскав арзу шикояти зиёд меояд дар бобати бадмуомилагии милиса ва беҳуқуқию қонуншиканиҳо. Омӯзиши чанд парвандаи ҷиноӣ нишон дод, ки онҳо аз тарафи милисаи Маскав ба таври қалбакӣ бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон сохта шудаанд. Одатан аз рӯи моддаҳои 222 ва 228и кодекси ҷиноӣ, яъне нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ, ва маводи мухаддир. Дар гузориши телевизиони Маскав намойиш дода, шуд, ки аз манзили тоҷикон чанд тир ва як норинҷкаи дастиро пайдо шудаанд. Ба гуфтаи Олга Черепанова инҳо чизҳои одатие мебошанд, ки милиса ҳангоми ташкили парвандаи ҷиноӣ истифода мекунад. Бар зидди чеченҳо масалан ва ё бар зидди тоҷикон. "Мо чанд парвандаи ҷиноиро дидаем, ки айнан ҳамин хел сохта шудаанд ва тавонистаем чанд тоҷикро бо ёрии вакили варзидаи ҳуқуқии худ Инна Мириковна Алмазиян аз маҳбас озод кунем", гуфт Олга Черепанова, корманди маркази Мемориал дар Маскав.

XS
SM
MD
LG