Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳадаф ва дурнамойи ислоҳоти дастгоҳи ҳукумати Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Чаро баъзе аз амалдорони баландпояи ҳукумат ба истеъфо ва нафақа фиристода шуданд? Чаро вазорату идораҳо якҷо гаштанд? Онҳое ки ба вазифаҳои давлатӣ таъйин шуданд, кистанд? Ин саволҳо дар гуфтугӯ бо Шариф Раҳимов, райиси Маркази назорати молиявии ҳукумати Тоҷикистон.

Салими Аюбзод: Шарифҷон, оё мақсади дигаргуниҳои ахири сохтори ҳукумат чист? Ин барнома кадом тағйироти дигарро дар назӯар дорад?

Шариф Раҳимов: Ислоҳот тибқи тарҳи якҷояи ҳайъати ҳукуматӣ ва Банки Ҷаҳонӣ, бо сармоягузории ин банк амалӣ шуда, мақсад камхарҷ ва самарабахш намудани сохтори давлатист. Пеш аз ҳама бояд, ки аз сохтори имрӯзаи давлат ҳамаи ниҳодҳои тиҷоратӣ ҷудо карда шаванд, яъне бояд, ки сохтори давлатӣ соф ба кори давлатӣ машғул бошад. Ва дар ҳамаи вазоратхонаю ташкилотҳои давлатие, ки ягон сохтори тиҷоратӣ аст, онҳо аз ин ҷо ҷудо карда мешаванд. Дуюм зарур аст, ки сохтори имрӯзаи давлати Тоҷикистон ҳарчӣ самарноктар бояд бошад. Бинобар ин қисме аз вазоратҳо кам мешаванд, чанд вазорате, ки вазифаҳояшон ба ҳам мувофиқанд, ба ҳам пайваста мешаванд ва сохторе месозанд, ки ин сохтор харҷи камтар дошта бошад.

Салими Аюбзод: Аммо дар ҳоли ҳозир мардум асосан аз он ҳарф мезанад, ки симоҳои шинохтае монанди Аслиддин Соҳибназаров, Бобохон маҳмадов, Ваҳҳоб Воҳидов ва монанди онҳо аз қудрат дур карда мешаванд. Ба ақидаи баъзе аз шунавандагони мо, онҳое ба истеъфо ва ё нафақа мебароянд, ки аз худ аломати истиқлоли ақлӣ нишон додаанд. Шумо ба ин фикр розиед ва ё мухолиф?

Шариф Раҳимов: Барои ман ба ин савол ҷавоб додан хело мушкил меояд ва гуфта ҳам наметавонам, ки мустақиландеш буданд ё ки баҳои дигаре доштанд, аввало ин ки онҳо аз ин вазифа озод шуда мумкин аст ба корҳои дигар пешниҳод шаванд, ва мо ҳоло ба ин чиз пурра баҳо дода наметавонем. Аз тарафи дигар роҳбарият ба ҳар кас вобаста ба қобилияту фаъолияташ баҳо медиҳад. Ба ҳар ҳол як кас дар як ҷо зиёд нишаста наметавонад. Баъди чанд сол ё бояд ба болотар бардошта шавад ва ё ба кори дигар гузарад. Аммо ба назарам, рафтани онҳо ба андеша ва мавқеъгирияшон бастагӣ надорад.

Салими Аюбзод: Дар бораи кадрҳои наве, ки сари кор омаданд, аз ҷумла худатон, ки мо шуморо хуб мешиносем дар масъалаи ҷорӣ шудани пули сомонӣ, ки албатта ба назар мерасад бо мувафақият ҳаст ва аммо бо дигарҳое, ки дар ин ҷо гуфта мешаванд, мо зиёд ошно нестем, мардум зиёд номҳои навро намешиносанд. Ба назари шумо оё мешавад гуфт, ки як насли нав ба сари кор меояд?

Шариф Раҳимов: Чӣ қадаре, ки медонам ҳамон нафарҳое. ки интихоб шудаанд, ҳама кадрҳои сифатан хуб ва беҳтаранд, ҳамаи онҳо мутахассиси соҳаи худ ҳастанд ва ҳама новобаста аз маҳалу аз вазифаҳои пешинаашон дар ҷамъият хизматҳое нишон додаанд. Ҳама аз рӯи хизматашон дар ҳамин давраи охир интихоб шудаанд. Инҳо онҳое ҳастанд, ки хоҳ дар дастгоҳи президент ё дар идораҳои гуногуни давлатӣ кор кардаанд ва худро аз ҷиҳати профессионалӣ нишон додаанд. Ва аксари вазирон ва ё ҷонишинони вазирон онҳое ҳастанд, ки дар гурӯҳи мӯҳтарам президент буданд ва сиёсати иқтисодӣ давлатро ё, ки худи сиёсатро самаранок то имрӯз пеш бурданд.

Салими Аюбзод: Интихоби онҳо кори кист? То ҷое ки мо медонем, як гурӯҳи панҷнафара таъсис ёфта буд барои таҳияи сохтор аммо интихоби кадрҳое, ки ин сохторро пур карданд, кори кадом гурӯҳ аст, комиссиён ё фақат шахси президент?

Шариф Раҳимов: Ман дар ин бора ҳеҷ маълумоте надорам, ҳамон қадаре, ки ман медонам дар масъалаи худ, маро бевосита мӯҳтарам президент даъват карданд, пешниҳод ва гуфтугӯ кардем ва ба ҳамин хулоса омадем. Албатта ҳар мутахассиси дигарро ҳам мӯҳтарам президент даъват карданд ва фикр мекунам, ки касе ба сиёсати президент оиди кадрҳо таъсир нарасондааст, фақат президент бо ҳамаи инҳо кор кардаанд ва ҳамаи онҳоро медонанд аз ҷиҳати профессионалӣ онҳоро интихоб кардаанд.

Салими Аюбзод: Бисёре аз шунавандагони мо гуфтанд, ки мо бисёр умедворем, ки як дастаи ҷавон, нирӯманд ва энергитик омадагӣ аст, ки мумкин, вазъи зиндагии мардум, вазъи иқтисодёту ҳаёти иҷтимоӣ хеле беҳтар шавад. Аммо якчанд нафари камтар мегӯянд, ки ин як мавсими наве ҳаст, ки одамон биёянду пул супоранду як мақом бигиранд баъд одамони дигар меоянд, пули бештар медиҳанд ва ин мақомҳоро мегиранд.

Шариф Раҳимов: Ман ба худо қасам мехӯрам, ки ҳамаи онҳое, ки дар давоми 2-3 рӯз таъин шудаанд, ҳамаашон бисёр одамони оддӣ, одамони бепул, одамоне ҳастад, ки наметавонистанд ин вазифаҳоро харанд. Ин аллакай асос мешавад, ки чунин овозаю чунин гуфтор нодуруст аст. Ман гуфтам ва бо мегӯям, ки ҳокимият имрӯзфақат дар асоси профессионализм, дар асоси хизмати мусбати ин шахсон ташкил шуда истодааст ва имрӯз акнун саршавии дигаргуниҳо дар ҳокимият аст. Ҳоло дигаргуниҳои асосӣ дар пеш ҳастанд, чунки барномаи дигаркунии сохтори давлат ин аз боло то ба поён меравад. Ва аз қадамҳои аввал маълум мешавад, ки ҳукумати профессионалӣ ба миён меояд. Дар ҳукумат онҳое кор мекунанд, ки аз ӯҳдаи кор бароянд. Ва мо ва ҳамчунин худам тамоми қувваро сарф мекунем, ки ба бовари мӯҳтарам президент сазовор бошем.

Салими Аюбзод: Шумо ҳамчунин одами прагматик ҳастед, одаме, ки худи вазъиятро мешиносад ва ба вазъият дақиқ мисли математика нигоҳ мекунад. Бубинед, ки сармояи бозори сиёҳ, сармояи иқтисоди пинҳонии Тоҷикистон хеле калон аст ва шумо боварӣ доред, ки президент то охир аз шумо ҳимоят мекунад ба хотири ин, ки ҳатман президент зери фишор қарор мегирад аз ҷониби ин сармоя ва ин пуле, ки масъалан "теневая экономика" гӯем ва ғайра, шумо боварӣ доред, ки то охир президент ҳамин хатро ҳимоят мекунад ва ё ин, ки дар зери фишор имкон аст, ки баъзе дигаргуниҳо шавад.

Шариф Раҳимов: Таҷрибаи чанд соли охир нишон медиҳад, ки мӯҳтарам президент фақат ба пеш рафтанд. Аз ҷиҳати мусбат. Солҳои пеш ҳам ин таҷриба маълум буд, солҳои душворе буданд. Кувваҳое буданд, ки ба ҳар кори бад қодир буданд, вале дар ҳамаи ҳолатҳо президенти мӯҳтарам бо сарбаландӣ аз ҳамаи ин ваъзиятҳо баромаданд. Ва қадамҳои имрӯза нишонаи онанд, ки бозгашт ба қафо нест, фақат бояд пешравӣ бошад ва ман сад дар сад бовар дорам, ки мӯҳтарам президент ҳамаи онҳоеро, ки интихоб карданд, ҳимоя мекунанд ва дастгирӣ мекунанд ва албатта, онҳо аз ӯҳдаи вазифаи худ бароянду содиқона ба ватан хизмат намоянд.

Салими Аюбзод: Мову шумо медонем, ки як қисми мардум ҳукумат ва роҳбариятро айбдор мекунанд, ки ҳамагӣ аз як маҳал ҳастанд. Мо дар бораи он, ки ҷавонони наве, ки ба сари кор омаданд аз кадом маҳал ҳастанд, маълумот надорем ? Шахсан ман аслан ягон шавқ ҳам надорам, бидонам, ки кӣ аз куҷо ҳаст, лекин дар байни мардум ин ақида ҳаст, фикри шумо чӣ аст, оё ин ҳайати нав ҳамин ақидаҳоро иваз мекунад ё не?

Шариф Раҳимов: Ман гуфтаниам, ки аввало ҳамаи кор ба профессионализм такя мекунад. Дуюм ин, ки ҳамаи он ҷавононе, ки дар дастгоҳи мӯҳтарам президент кор мекарданд, аз тамоми ҷумҳурӣ буданд ва имрӯз ба корҳои гуногун рафтанд. Масалан, сардори шӯъбаи молия Алиев ӯ аз қисми шарқии мамлакат аст. Сардори идораи инвестиция Маъруф Сайфиев аз қисми шимолии мамлакат буд, ки Алиев ҷонишини вазири истифодаи барқ ва Маъруф Сайфиев ҷонишини вазири иқтисод шуданд. Аз онҳое, ки дирӯз интихоб шудаанд, раиси пешинаи ноҳияи Панҷакент раиси ширкати истифодаи "Кимиё" шуданд - селхозхимияи пешина. Вазири пешинаи меҳнат вазири вазорати навташкилшуда бо номи меҳнат ва иҷтимоиёт шуданд, ки он ҳам аз шимоли мамлакат мебошанд. Ва касе гуфта наметавонад, ки онҳо одамони ғайрипрофессионалӣ ҳастанд. Ҳама пеш аз ҳама мутахассисанд ва ин муҳим аст, албатта агар мо хоҳем, ки ҷамъияти хуб дошта бошем, бояд ба маҳал такя накунем ва қадамҳои аввалин ҳам нишони он аст, ки мӯҳтарам президент ба маҳал такя намекунад, танҳо ба профессионализм ба кордонию содиқ будани он шахсҳо такя мекунанд. Агар касе тавонад имрӯз маро айбдор кунад, ки ман профессионал нест дар кори худам, ман ҳама вақт таёрам, ки инро исбот кунам, маълумоти кофӣ дорам, ки худро ҳимоя кунам.

XS
SM
MD
LG