Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон паноҳандагони афғонро қабул намекунад



Холидаи Қодир ва Обиди Шакурзода

Коммисариати СММ дар Умури Паноҳандаҳо аз Тоҷикистон дархост кард, то ба гурезаҳои афғон дар хоки худ ҷой диҳад. Тоҷикистон имрӯз ин дархостро дубора рад кард.

Коммисариати СММ дар Умури Паноҳандаҳо аз Тоҷикистон дархост кард, то ба гурезаҳои афғон дар хоки худ ҷой диҳад. Тоҷикистон имрӯз ин дархостро дубора рад кард.

Чанд моҳ аст, ки беш аз даҳ ҳазор паноҳандаи афғон дар ҷазираҳои руди Панҷ, дар заминҳое, ки зоҳиран мутаалиқе кишваре нестанд, ба сар мебаранд. Онҳо барои худ аз лойу гил сарпаноҳи муваққатӣ бунёд кардаанд. Дар ин макони зист онҳо ҳам дар муқобили сардӣ, гуруснагӣ, беморӣ осебпазир ҳастанду ҳам дар муқобили тирҳое, ки аз дохили Афғонистон оташ мешаванд. То кунун се нафар аз захми тир кушта шуда ва ду нафар ҷароҳат бардоштанд. Чаҳор нафар аз бемории вараҷа вафот кард. Тибқи маълумоти Коммисариати Олии СМ дар Умури Паноҳандаҳо аз моҳи октябр то кунун дар маҷмӯъ 41 паноҳандаи афғон аз олам дар гузашт. Чандин нафар ба бемориҳои вараҷа, домана, менингит ва исҳол гирифтор шудаанд.

Ин паноҳандаҳо, ки шаш ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, пурра ба кӯмакҳои хайрияи созмонҳои байналмилалӣ вобаста мебошанд. Вале ба иллати адами амният, кормнадони созмонҳои хайрия низ на ҳамеша ҷуръати сафар ба ин маконро доранд. Гурӯҳҳои хориҷии хайрия ва сафоарти Ирон дар Душанбе барои паноҳандаҳо хӯрок, либос ва бистар мефиристанд.

Як рӯз пеш Коммисариати Олии СМ дар умури паноҳандаҳо боз аз Тоҷикитсон дархост кард, ки ба гурезаҳои афғон иҷозаи вуруд ба хоки Тоҷикитсонро диҳад. Намонядаи ин Коммисариат дар Душанбе Абдул Ҳақ Амриӣ изҳор дошт: агар ҳукумати Тоҷикитосн онҳоро ба хоки худ раҳ диҳад, Коммисариати СМ паноҳандаҳоро бо хӯрок, дорувор ва тамоми маводи зарурӣ таъмин хоҳад кард. Вале ҳукумати Тоҷикистон то кунун ин дархостро рад намудааст. Президенти ҷумҳурӣ Имомалӣ Раҳмонов изҳор дошт, дар байни паноҳандаҳо мардони мусаллаҳ низ ҳастанд, ки вуруди онҳо ба Тоҷикитосн оромии кишварро ба ҳам мезанад. Сабаби дигар ин аст, ки Тоҷикитосн намехоҳад бо роҳ додани даҳ ҳазор нафар ба хоки худ, ҳазорҳо паноҳандаи дигарро низ ба ин амал ташвиқ кунад. Тибқи маълумоти гурӯҳҳои хайрия ҳудуди 80 ҳазор нафари дигар минтақаҳои шимолии афғонистон дар натиҷаи ҷангҳо бехонумон мондаанд. Тоҷикистон рӯзи сешанбе муроҷиати СММ-ро рад намуд. Сухангуи президенти Тоҷикистон, Зафар Саидов, гуфт, ҳукумати кишвар наметавонад тахминан даҳ ҳазор муҳоҷирро бипазирад, зеро дар байни онҳо афроди мусаллаҳи душман бо Тоҷикистон низ ҳастанд. Зафар Саидов афзуд, иҷозаи вуруд ба ин теъдоди паноҳандагон вазъи иқтисодии тоҷикистонро низ ногувор месозад.



XS
SM
MD
LG