Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснагии шадид дар Мазори Шариф, Кобул ва Қандаҳор



Обиди Шакурзода

СММ бо пахши гузорише эълом дошт, ки дар музофоти Мазори Шариф, 48 дарсади атфол азоби гуруснагӣ мекашанд. Дар бузургтарин шаҳрҳои Афғонистон, Кобул ва Қанаҳор, авзоъ аз ин ҳам даҳшатбортар аст.



СММ бо пахши гузорише эълом дошт, ки дар музофоти Мазори Шариф, 48 дарсади атфол азоби гуруснагӣ мекашанд. СММ мегӯяд, дар бузургтарин шаҳрҳои Афғонистон, Кобул ва Қанаҳор, авзоъ аз ин ҳам даҳшатбортар аст. Гуруснагии тоқатфарсо аз нисф зиёдтари кӯдакони аз синни панҷсола поинро гиребонгир шудааст. Коршиносони СММ бар онанд, ки Афғонистони акнун ду даҳсола гирифтори ҷанг ва хушксолии шадид гашта, дар остонаи фалокати мудҳиши гуруснагист. Ҷангу нодорӣ ним милён нафарро ночор кардааст, ки тарки хона кунанд; ҳазорон фирории афғон ҳамарӯза ба Покистон паноҳ мебаранд.





XS
SM
MD
LG