Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тавилдара як камендатура таъсис ёфт



Мирзонабии Холиқзод

Ба гуфтаи вазири вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев ин ниҳод асосан аз афроде иборат хоҳад буд, ки баъди амри раиси ҷумҳур, оиди аз сафи артиш озод намудани низомиёни қарордодӣ, бекор монда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар минтақаи Тавилдара, 180 километрии шарқи пойтахт, як камендатура таъсис доданд. Дар ин бора вазири вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев хабар пахш кард. Ба гуфтаи оғои Зиёев ин ниҳод асосан аз афроде иборат хоҳад буд, ки баъди амри раиси ҷумҳур, оиди аз сафи артиш озод намудани низомиёни қарордодӣ, бекор монда буданд. 180 низомӣ ба кори ин сохтори нав дар Тавилдара ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи Абдулло Ҳабибов, муовини раиси кумитаи амният ва тартиботи парлумони Тоҷикистон мақсад аз таъсиси комендатура ҷорӣ намудани тартибот дар байни худи низомиён, контроли силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва ҷилавгирӣ аз низоъи онҳо бо аҳолии осоишта аст.

XS
SM
MD
LG