Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ Толибонро бо куштори сад шахси осоишта муттаҳам кард



Хоҷа Мирзода

Рӯзи ҷумъа Созмони Милали Муттаҳид ҷумбиши Толибони афғонро бо куштори камаш сад шахси осоишта, ки дар байни онҳо кормандони созмонҳои башардӯстона низ буданд, муттаҳам кард.

Рӯзи ҷумъа Созмони Милали Муттаҳид ҷумбиши Толибони афғонро бо куштори камаш сад шахси осоишта, ки дар байни онҳо кормандони созмонҳои башардӯстона низ буданд, муттаҳам кард. Ин ҳодиса дар манотиқи марказии Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Толибон ашхоси кушташударо бо дастгирии мухолифин айбдор мекарданд.

Дабири Кулли СММ Кофӣ Аннан кушторҳоро маҳкум намуда, аз мақомоти Толибон хост, ки бо қабули иқдомҳои фаврӣ нерӯҳои худро таҳти контрол қарор диҳанд. Кофӣ Аннан тафтиши дақиқи ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашидани масъулони қатлҳоро талаб кард.

Як корманди СММ, ки аслан афғон аст, беному нишон мебошад. Ҳафтуми январ минтақаи Якавланги Ҳазораҷот, воқеъ дар маркази Афғонистон, зери назорати Толибон гузашт. Гузоришҳо дар бораи кушторҳо баъди ҳамин таърих пайдо шуданд. 20 декабр нерӯҳои Ҷабҳаи Муттаҳидаи Мухолифини самти Шимол, дақиқтараш сарбозони Ҳизби Ваҳдат Якавлангро ишғол карда буданд.

Ба қавли дабири кулли СММ кушторҳо асосан ба сари ҳазораҳо омадаанд ва ин қавми шиамазҳаб ба таври анъанавӣ дар Афғонистон дар ҳоли номуносиб қарор дорад. Кофӣ Аннан мегӯяд кушторҳои мазкур боиси фирори дастаҷамъии аҳолӣ шуданд. Бар замми хушксолии имсола онҳо акнун бо сармо ва гуруснагӣ ҳам рӯ ба рӯ шудаанд.

Ҳамзамон бо ин хабар СММ таҳрими иловагии ҷумбиши Толибони афғонро, ки бо пуштибонии терроризм мутттаҳам мешавад, ба ҳукми иҷро даровард.

Тибқи қарори Шӯрои Амнияти СММ, Толибони афғон бо манъи комили фуруши силоҳ ва маҳдудияти сафарҳои байналмилалӣ мувҳоҷеҳ мешаванд. Моҳи гузашта Шӯрои Амнияти СММ бо пешниҳоди ИМА ва Русия ва бо ҳадафи хатми дастгирии терроризм аз ҷониби Толибон таҳрими иловагии Афғонистонро тасдиқ карда буд. Вашингтон ва Маскав исрор мегуянд, ки дар қаламрави таҳти назорати Толибон марказҳои таълими террористон мавҷуданд. Бар илова ИМА мехоҳад дигарандеши саудӣ Усома Бин Лодинро, ки дар қаламрави Толибон ба сар мебарад ба маҳкама кашад. ИМ бар ин ақидааст, ки тобистони соли 1998 Усома Бин Лодин инфиҷори сафоратҳои ин кишвар дар Кения ва Танзанияро тарҳрезӣ намуд. Мансабдорони ҳукумати Толибон борҳо иттиҳомоти пуштибонии терроризмро рад кардаанд. Дар мавриди Усома Бин Лодин онҳо мегӯянд, ки номбурда "меҳмони" Афғонистон аст, ва ба ҷое ё кишваре супурда намешавад.

XS
SM
MD
LG