Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва ИМА ҳамкории низомӣро баррасӣ карданд



Саидқосими Қиёмпур

Муовини ёвари вазири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, Ҷефри Старр имрӯз ба дидори чоррӯзааш аз Тоҷикистон поён дод. Ӯ дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, Душанбе орзуманди барқарор намудани робитаҳои беҳтар бо ИМА ва НАТО мебошад.



Муовини ёвари вазири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, Ҷефри Старр имрӯз ба дидори чоррӯзааш аз Тоҷикистон поён дод. Ӯ гуфт, Душанбе орзуманди барқарор намудани робитаҳои беҳтар бо ИМА ва НАТО мебошад. Оқои Старр дар мусоҳиба бо Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳамкории дуҷонибаи ҳарбиро бо мақомоти Вазорати Дифои Тоҷикистон ва вазоратҳои дигар мавриди баҳс қарор дод. Ҷефри Старр афзуд, байни ду кишвар дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ рағбат вуҷуд дорад. Ӯ илова кард, ки робитаҳои ИМА ба Тоҷикистон бо Русия, ки ҳазорҳои посдори сарҳадӣ ва девизияи 201-ми он дар Тоҷикистон қарор доранд, таъсири манфӣ нахоҳад дошт. Оқои Старр гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар музокирот ба ҳамроҳ шудани Тоҷикистон бо барномаи НАТО Ҳамкории Барои Сулҳ рағбат нишон доданд. Аз панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар ин барнома ширкат надорад.



XS
SM
MD
LG