Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико барои таҳкими марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон таҷҳизоти замонавӣ мефиристад



Саидқосими Қиёмпур

Дар мулоқот байни раиси ҳайъати низомии Амрико Ҷефри Старр бо вазири хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров вазъи ноороми Афғонистон ва интиқоли маводи мухаддир аз ин давлат баррасӣ шуд.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки соли равон барои таҳкими марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон таҷҳизоти замонавӣ бифиристад. Дар ин бора раиси ҳайъати низомии Амрико Ҷефри Старр дар мулоқот бо вазири Хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров иттилоъ дод, ки рузи 18 январ баргузор гардид. Ҷефри Старр гуфт, Пентрагон бо ин мақсад соли равон маблағи бештар ҷудо хоҳад кард. Сухангуи вазорати хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов ба хабарнигори Радои Озодӣ гуфт, ки дар мулоқоти ҳайъати низомии Амрико бо вазири хориҷии Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва амнияти минтақа дар миён буд. Аз ҷумла зикр гардид, ки вазъи ноороми Афғонистон ва интиқоли маводи мухаддир аз ин давлат ба кишварҳои ҳамсоя, амнияти минтақаро зери хатар мегузорад. Ҷефри Старр ва ҳасафаронаш рузи 18 январ дар мулоқот бо мақомоти оҷонсии назорат бар маводи мухаддири назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир аз марзи Афгонистону Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Тавре аз дафтари матбуотии Оҷонсӣ ба мо иттилоъ доданд, ҷаноби Старр иброз доштааст, дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир Амрико ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Ҷефри Старр зимни сафари худ ба Тоҷикистон бо вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, вазири вазъи фавқулодда Мирзо Зиёев, муовини сарвазир Сайдамир Зуҳуров, мақомоти вазорати умури дохила ва кумитаи сарҳадот низ мулоқот кард. Дар ин вохуриҳо Тоҷикистон ва Ийолоти Муттаҳидаи Амрико омодагии худро барои ҳамкориҳои низомӣ ва техникӣ иброз доштанд.

XS
SM
MD
LG