Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон: Таҳкими сарҳад кори дохилии ҳар кишвараст



Соҷидаи Мирзо

Узбакистон бо ишора ба танқиди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз минагузориҳо дар марзи Ӯзбакистону Тоҷикистон гуфт ин чора бо мақсади бастани роҳи терористҳо ва қочокбарони маводи мухаддир ба роҳ монда шудаанд.

Сухангуи раёсати ҷумҳури Узбакистон Рустам Ҷумъаев бар пояи шарҳи гуфтаҳои намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Марк Жлбер, оиди таркиши минаҳо дар марзи ду кишвар баён дошт, ки таҳкими сарҳад кори дохилии ҳар кишвари соҳибистиқлол аст ва тадобири Узбакистон дар таҳкими сарҳад, ки аз ҷониби қочоқбарони маводи мухаддир, терористҳо ва ифротгароёни исломӣ убур мешавад, аз ҳамин принсип маншаъ мегирад. Намояндаи Созмони Аминият ва Ҳамкории Аврпуо дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ташкилоти онҳо аз чунин чораҳои бераҳмона, амсоли минакории марз, ки дар замони осоишта сурат мегард, ҷонибдорӣ нахоҳад кард. Ин гуфтаҳо ба мақомоти Тошканд дахл доштанд. Сухангуи раёсати ҷумҳури Узбакистон гуфт, тавре, ки ба маротиб изҳор доштаем, марз дар дохили қаламрави Узбакистон таҳким ёфтааст ва ин чораҳои оҷил бо мақсади бастани роҳи терористҳо ва қочокбарони маводи мухаддир ба роҳ монда шудаанд.

XS
SM
MD
LG