Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳашт узви "Ҳизби Таҳрир" барои то шаш сол аз озодӣ маҳрум шуданд



Мирзои Салимпур

Айбномаи ибтидоии айбдоршавандагон дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон тасдиқ нашуд ва онҳо танҳо дар ангезиши хусумати динӣ айбдор дониста шуданд.

15-ҳуми январ Додгоҳи Олии Тоҷикистон 8 узви Ҳизби Таҳрирро ба мӯҳлати то шаш сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ин афрод ҳанӯз дар моҳи апрели соли гузашта боздошт шуда буданд. Аммо пажӯҳиши парвандаи онҳо танҳо дар ибтидои соли 2001-ум ба анҷом расид. Райиси муҳокима, додгустари Додгоҳи Олии Тоҷикистон Анварҷон Аҳмадов гуфт, айбномаи ибтидоии айбдоршавандагони мазкур исботи худро пайдо накард ва се нуктаи ин айбнома--ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ, даъват ба сарнагунии ҳокимият бо истифода аз зӯр, вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистон--бекор дониста шуд. Аъзои Ҳизби Таҳрир танҳо барои ангехтани хусумати динӣ мавриди ҳукм қарор гирифтанд. Хешону наздикони маҳкумшудагон аз қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон норозӣ буда, ба хабарнигори Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ягона гуноҳи боздоштшудагон даъват ба худотарсӣ ва худошиносӣ будааст. Дар ҳамин ҳол додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе ҳукми ду нафарро, ки ба шубҳаи узвият дар Ҳизби Таҳрир боздошт шуда буданд, эълон намуд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки дар манзили бародарон Неъмат ва Нӯъмон Тоштемировҳо шабнома ва адабиёти таблиғотии Ҳизби Таҳрир дарёфт шудааст, дар раҳти муҳокима узвияти онҳо дар ҳизби номбурда исбот нагардид. Тибқи бахши дигари айбнома онҳо барои нигаҳдории як тирдони калашников бо 15 тир ва ду бастаи маводи таркандаи тротил айбдор дониста шуда, ба муҳлатҳои панҷ ва ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гаштанд. Неъмат ва Нӯъмон Тоштемировҳо гуфтанд, ин муҳимот ва аслиҳа ба онҳо тааллуқ надорад. Аммо додгустари Додгоҳи ноҳияи Марказии Душанбе Неъматулло Гиёев гуфт, ҷурми боздоштшудагон исбот гашта, ҳукми додгоҳ одилона мебошад. Вай афзуд, дар ояндаи наздик боз чанд парвандаи марбут ба аъзо ва ё хайрхоҳони Ҳизби Таҳрир баррасӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG