Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ ба Душанбе



Соҷидаи Мирзо

Мудири бахши Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Киеш Қодир 14 январ ба Душанбе рафт то бо раиси ҷумҳур Эмомали Раҳмонов ва намояндагони хукумат перомуни мубориза бо нодорӣ ва ислоҳоти сохторҳои давлат табодули назар кунад.

Мудири бахши Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Киеш Қодир, 14 январ ба Душанбе рафт то бо мақомоти Тоҷикистон доираи васеъи ҳамкорӣ ва ҳамоҳанги дар фаъолиятҳои минбаъдаро баррасӣ кунад. Ҷаноби Қодир тасмим дорад, ки бо раиси ҷумҳур ва намояндагони хукумат мулоқот намуда, перомуни коркарди стратегияи мубориза бо нодорӣ, ислоҳоти сохторҳои давлат ва барномаҳои дигар, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешаванд, табодули назар кунад. Бонки мазкур яке аз сохторҳои молии ҷаҳон аст, ки аз шурӯъи раванди сулҳ дар Тоҷикистон барномаҳои мухталифро бо шумули эҳёи манотиқи ҷангзада ва иқтисоди баъдиҷангии Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.

Барномаи навбатии ҳукумат оиди мубориза бо фақр, ки гуфта мешавад, 80 дар сади аҳолии кишвар ба он гирифторанд, бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ татбиқ мешавад. Дар остонаи сафари Киеш Қодир ба Тоҷикистон мақомоти кишвар дар чаҳорчуби ислоҳоти сохторҳои давлатӣ, Вазорати Иқтисоди Хориҷиро бо Кумитаи Равобити Тиҷоратӣ зери як чатр муттахид намуданд, ки Вазорати Иқтисод ном гирифтааст. Ҳамчунин дар асоси Оҷонсии Давлатии Омор, Кумимтаи Омори Тоҷикистон ташкил шуд.

XS
SM
MD
LG