Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди паноҳандагони афғон навмед шудааст



Хоҷаи Мирзода

Тоҷикистон новобаста аз хоҳиши Идораи Комиссариати Олии СММ даҳ ҳазор паноҳандаи афғонро қабул кардан намехоҳад.

Рӯзи сешанбе Идораи Комиссариати Олии СММ дар Умури Паноҳандагон дар шаҳри Женева нишасти матбуотӣ доир намуда, ба рӯзноманигорон иброз дошт, ки ҳар рӯз аз 200 то 250 паноҳандаи афғон вориди хоки Покистон мешавад. Онҳо аз хушксоливу ҷангҳо фирор мекунанд. Сӯхангӯи Идораи Комиссари Олӣ Крис Яновский гуфт, ки ин муассиса феълан бо таъмини шароити зисти паноҳадагони нав аз Афғонистон омада машғул мебошад. Онҳо аз урдугоҳи ба истилоҳ транзитии Ҷалузай, воқеъ дар шимолу ғарби шаҳри Пешавар ба кампи нав интиқол дода мешаванд. Назар ба гузоришҳо ҳафт кӯдаки паноҳандаи урдугоҳи Ҷалузай бар асари сармо фавт намуд.

Дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Индепендент" дар шаҳри Исломободи Покистон Усуф Ҳасан сӯхангӯи Идораи Комиссариати СММ таъкид кард, ки вазъи паноҳандагон дар урдугоҳи Ҷалузай даҳшатнок аст. Онҳо зери хаймаҳои пластикӣ бидуни ягон гӯшаи хусусӣ рӯз мегузаронанд. Аз ин рӯ, то охири ҳафта 18 ҳазор паноҳандаи афғони кампи Ҷалузай ба ҷои нав интиқол дода мешаванд.

Ба қавли Идораи Комиссари Олӣ дар чор моҳи ахири соли гузашта шаст ҳазор паноҳандаи афғон ба Покистон дохил шуд. Аз чор се ҳиссаи онҳоро тоҷикону узбакҳо ва чоряки боқимондаро намояндагони қавми пашту ташкил медиҳанд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ходими дафтари матбуотии Идораи Коммисари Олии СММ Фернандо дел Мундо изҳор намуд, ки ин идора аз мавқеъгирии Тоҷикистон дар мавриди паноҳандагони афғон нигарон аст. Ӯ гуфт: "Идораи Комиссариати Олии СММ дар Умури Паноҳандагон аз сарнавишти тахминан даҳ ҳазор паноҳандаи афғон, асосан занону кӯдакон, ки чанд ҳафта боз дар ҷазираҳои рӯди Панҷ миёни марзи Тоҷикистону Афғонистон паноҳ бурдаанд, ҳеле ҳам ташвиш дорад." Дел Мундо афзуд: "Онҳо чанд ҳафта боз ҳеҷ кумаке нагирифтаанд ва баъзан ҳатто зери оташ қарор мегиранд. Аммо Тоҷикистон новобаста аз хоҳиши Идораи Комиссариати Олии СММ онҳоро қабул кардан намехоҳад. Мо аз мавқеъгирии ҳукумат навмед ҳастем. "

Рӯзи душанбе Вазорати Умури Хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба вуруди даҳ ҳазор паноҳандаи афғон ба хоки Тоҷикистон иҷозат намедиҳад. Дар ин робита Идораи Комиссариати Олӣ боз аз Тоҷикистон дархост намуд, ки ба вуруди панҳоандагони афғон иҷозат диҳад.

Рӯзномаи "Индепендент" аз нақли Усуф Ҳасан сухагӯи Идораи Комиссариати Олии СММ дар Умури Паноҳандагон дар шаҳри Исломобод менависад, ки кормандони ин муассиса бидуни рухсати марзбонони Русия мустақар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба паноҳадагон наздик шуда наметавонанд. Инчунин таъкид мешавад, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири паноҳандагони афғон заиф гардидаааст.

Дар моҳи ноябри соли гузашта Покистон расман эълон кард, ки ба қабули паноҳандагон хотима мебахшад, аммо Усуф Ҳасан мегӯяд, ки амалан ин қарор татбиқ нашудааст ва дар муддати ду моҳи ахир камаш сӣ ҳазор нафар ғайрирасмӣ вориди хоки Покистон гардиданд.

XS
SM
MD
LG