Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Алма Атӣ



Холидаи Қодир

Дар мулоқоти якрузаи Алма Атӣ (ҷумъа 5 январ)лидерони минтақа бештар аз ҳама ба вазъи амниятии Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Тибқи маъмул, онҳо густариши фаъолияти гурӯҳҳои тундгарои исломиро хатари асосӣ ба оромии ин кишварҳо арзёбӣ карданд.

Имомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Алма Атӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба гуфтаи сухангӯи президент Зафар Саидов, ҷаноби Раҳмонов аҳамияти ин нишастро барои густариши раванди ҳамоиши кишвароҳи минтақа таъкид кард. Раисони ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон, дар мулоқоти Алма Атӣ тасмим гирифтанд, ки созмони номбурда Форуми иқтисодии худро ташкил диҳад. Вале бештар аз ҳама лидерони минтақа ба вазъи амниятии Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Тибқи маъмул, онҳо густариши фаъолияти гурӯҳҳои тундгарои исломиро хатари асосӣ ба оромии ин кишварҳо арзёбӣ карданд. Президенти Ӯзбакимстон Ислом Каримов даъват кард, ки ҳамаи ҷумҳуриҳои минтақа бо ҳамкорӣ фаъолияти тундравони мазҳабиро аз байн баранд. Каримов гуфт: ду соли ахир мо мавриди ҳуҷумҳои ин гурӯҳҳо қарор гирифтем, дар оянда набояд ба такрори чунин бӯҳрон роҳ дод. Амнияти Осиёи Марказӣ ба вазъи Афғонистон бастагии зиёд дорад ва аз ин ҷост, ки сарони минтақа авзоъи ин кишварро низ матраҳ намуданд. Раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт: чун гурӯҳҳои исломгаро дар Афғонистон паноҳ меёбанд, бидуни ҳалли бӯҳрони ин кишвар, мушкили амниятии Осиёи Марказӣ аз байн нахоҳад рафт. Аз ин ҷост, ки Созмони Милали Муттаҳид бояд Афғонистонро чун манбаъи хатари бештар ба минтақа эътироф кунад. Президент Имомалӣ Раҳмонов изҳор намуд, ҳеҷ яке аз паноҳандагони афғон, ки ҳоло дар соҳили руди Панҷ ба сар мебаранд, ба Тоҷикистон роҳ дода намешаванд. Ҷаноби Раҳмонов афзуд, ки дар байни паноҳандагони воқеъӣ садҳо марди мусаллаҳ низ пинҳон шудаанд, ки фарқ кардани онҳо аз гурезаҳои дигар номумкин аст.

XS
SM
MD
LG