Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти президентҳои чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ дар Алма Атӣ



Салими Аюбзод

Президентҳои чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ--Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар Алмати гирдиҳам омаданд, то ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ кунанд.

Президентҳои чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ--Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар Алмати гирдиҳам омаданд, то ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ кунанд. Бо назардошти инки Тоҷикистон дар ду соли оянда раёсати Ҷомеъаи Иқтисодии Осиёи Марказиро дар дӯш дорад, президенти Эмомалӣ Раҳмонов райиси нишасти Алмати таъйин гардид. Дар бахши пӯшидаи нишаст сарони чаҳор давлат ҳолати феълии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мавзӯъҳои марбут ба амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд. Райиси нишасти Ҷомеъаи Иқтисодии Осиёи Марказӣ Алмати, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзномаи мулоқотро чунин муаррифӣ кард:

Ҳолат ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ. Масъалаи форуми иқтисодии ҷомеъаи Осиёи Марказӣ. Эълони соли байнулмилалии кӯҳсор дар минтақа. Тафтиши кори Банки ҳамкорӣ ва рушди Осиёи Марказӣ ва макону замони нишасти навбатӣ, ки Тошканд ва апрел майи соли равон муқаррар шуданд. Сарони Ҷомеъаи Иқтисодии Осиёи Марказӣ бо пешниҳоди Ӯзбакистон вазъи феълӣ ва сарнавишти ояндаи ин Ҷомеъаро баррасӣ карданд. Президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов пешниҳод намуд, ки бо назардошти воқеъияти мавҷуда чаҳорчӯби ҷомеъа ба форум иваз карда шавад. Вай гуфт:

"Мо аҳамияти робитаҳои чандгона ва чандтарафа ва чанддавлатиро инкор намекунем, вале пешниҳод менамоем, ки ба хотири самаранокии кор ба равобити дуҷонибаи аъзои ҷомеъа диққат дода шавад. Ин зарурат аз он ҷо маншаъ мегирад, ки аз садҳо санади имзокардаи тарафҳо шумори хеле ками онҳо мавриди иҷро қарор мегиранд. Ҳоло мо танҳо пешниҳод дорем, ки ин масъала баррасӣ карда шавад, омӯхта шавад. Ва тағйири шакли иттиҳод бо ҳифзи дастовардҳои гузаштаи Ҷомеъаи Иқтисодии Осиёи Марказӣ сурат бигирад."

Пешниҳоди райиси ҷумҳури Ӯзбакистон далели ноқаноатмандии ин кишвар аз вазъи фаълоияти ниҳоди мазкур мебошад. Дар айни замон президент Каримов таъкид кард, ки амнияти минтақа мафҳуми тақсимнашаванда аст ва эътидоли як кившари узв маънои эътидоли кишварҳои дигарро дорад.

Манбаъҳои наздик ба сарони ҷомеъа роҷеъ ба нишасти паси дарҳои баста маълумот нашр накарданд. Вале ба эҳтимоли қавӣ дар нишасти вижаи сарон масъалҳои мавқеъгириҳо дар баробари низоъи Афғонистон, гурӯҳҳои мусаллаҳи исломӣ, марзҳо, виза, интиқоли газ ва об мавриди гуфтугӯ будаанд.

Дар поёни нишаст як қатор аснод ба имзо расид.

Роҷеъ ба нишасти сарони Ҷомеъаи Иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Алмати рӯзи 5-уми январ ва дурнамои ҳамкориҳо дар ин ниҳод Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ба чанд коршинос аз Тоҷикистон, Русия, Аврупо ва Америка муроҷиат намуда, назари онҳоро ба масъала пурсон шуд. Райиси Шӯрои роҳ ва нақлиёти Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ Бӯрӣ Каримов мегӯяд, имконияти ҳамкории хуби иқтисодӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ фаровон ва густарда буда, чандин омили таъсири мусбат дар ин соҳа вуҷуд дорад, аз ҷумлаи истифодаи муштараки захираҳои обу барқ, роҳу хаттҳои алоқа ва масъалаҳои муштараки ҳарбию амниятӣ.

Оливер Руа, устоди Донишгоҳи Порис ва муаллифи китоби "Осиёи Марказии нав" гуфт, нишастҳои ҳамсони Алматӣ ва иттиҳодҳои дигаре, ки дар Ҷомеъаи Муштараклманофеъ ба миён омадаанд, гирифтори рақобатҳо ва ихтилофоти миёни сарони кишварҳо мебошанд. Ва аз ин рӯ дар фаъолияти онҳо пешрафти ҷиддӣ ба назар намерасад. Аммо сиёсатшиноси тоҷик Сӯҳроби Шариф бо таваҷҷӯҳ ба вижагии иқтисодии нишасти Алмати мегӯяд, имконияти ин вуҷуд дорад, ки манфиатҳои воқеъии иқтисодӣ ба мушкилоти сиёсӣ ва ҳар гуна ихтилофот бартарӣ пайдо кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ, фойидаи иқтисодӣ ба ҷойи аввал мебарояд ва давлатҳо аз ин дидгоҳ равобити байниҳамии худро баррасӣ мекунанд.

Изофа бояд кард, ки яке аз ҳадафҳои Ҷомеъаи Иқтисодии Осиёи Марказӣ ташкили шароити боимтиёзи ҳамкориҳои иқтисодии ин кишварҳост ва аммо устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Сент Люиси Алабама, Иёлоти Муттаҳида, доктор Нодири Интизор мӯътақид аст, ки ҳолати иқтисодии тарафҳои ҳамкор ба самранокии ин ҳамкорӣ таъсири ҳалкунанда дорад. Ва дар ҳоли ҳозир вазъи иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба онҳо имконият намедиҳад, чуниин ҳамкориро барои ҳамдигар самарбахш гардонанд. Иқтисоди ин кишварҳо дар ҳоли тавсеанаёфтагӣ ва ақибмондагӣ қарор дорад.

Аз профессор Оливер Руа мепурсам, бо вуҷуди ҳамаи ин, оё бартарӣ ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳад тавонист, шиддати ихтилофҳои сиёсии миёни кишварҳоро коҳиш диҳад? Зеро ҳамаи ин кишварҳо ҳанӯз зербинои ҳампайванди иқтисодӣ доранд, ки аз шӯравии пешин мерос мондааст ва ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст. Афзойиши додугирифт ба беҳбуди вазъи иқтисодию иҷтимоӣ замина гузошта метавонад ва таҳкими риштаҳои тиҷоратӣ, ё худ вобастагии тарафайни иқтисодӣ, шояд битавонад, дар муносибатҳои сиёсӣ низ нармишу тафоҳум ба миён орад?

Профессор Оливер Руа гуфт, мушкилоти ахири марзӣ ва амниятӣ ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказиро душвор ва ҳатто номумкин гардондаанд. Ба ақидаи ӯ дар чунин ҳолати ҳассосу бӯҳронии сохтмони давлати мустақили миллӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ инчунин дар бархӯрд бо амнияти минтақавӣ ва таъмини амнияти давлатии худ ба мушкилот рӯбарӯянд ва ноҳамоҳангии миёни онҳо ба ҷойи коҳиш ба афзойиши мушкил сабаб мегардад.

Дар сатҳи Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва ё ниҳодҳои дигар шояд ноҳамоҳангӣ бо афзойиши шумори аъзо зиёдтар мешавад, аммо дар миёни чаҳор давлат ин қадар сахт аст, ба як натиҷа расидан. Доктор Нодири Интизор бар замми бебарномагӣ ва ё заъфи барномарезӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳузури фишороврандаи Русияро як омили муҳими халалрасон ба пешрафти минтақа арзишёбӣ карда, гуфт, ҳадафи асосии Русия аз ширкат дар ин ҳамкориҳо эҳёи мақоми барҷастаи он дар минтақа мебошад.

Доктор Бӯрӣ Карим аз нақши азими Русияро дар умури минтақа эътироф мекунад, ҳарчанд мегӯяд, иттиҳоди минтақавӣ ва иттиҳод дар сатҳи Ҷомеъаи Муштараклманофеъ дар ихтилоф нестанд. Ба ақидаи профессор Оливер Руа ин Русия аст, ки бо назардошти манфиатҳои вижаи худ иттиҳоди воқеъӣ ва коргари давлатҳои Осиёи Марказиро хоҳон намебошад, балки баракс Маскав манфиатдор аст, ки рақобат миёни президентҳои Осиёи Марказӣ боқӣ бимонад.

Дар посух ба саволи инки Маскав ҳузури худро бештар ҳамчун ҷилавгирӣ аз густариши ҳузури Ғарб ва Америка маънидод мекунад ва аз мавқеъи рӯ ба Ғарби Ӯзбакистон хушҳол нест, профессор Оливер Руа гуфт, Ғарб ва Америка чандон шитоб надоранд, ки дар Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо кунанд. Онҳо аз вазъият хурсанд нестанд, мушкилоти мавҷударо медонанд, вале намехоҳанд дар он ширкат дошта бошанд. Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида мухолиф нестанд, ки Русия дар минтақа ҳузури густарда дошта бошад. Ҳамкории ахири ду тараф дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳангоми қабули таҳримҳо зидди Толибон ба мушоҳида расид. Хулоса

Хуб, ба ин тартиб, аз сӯҳбати аҳли назар чунин натиҷагирӣ ба даст меояд, ки бо чанд сабаб рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дар ин замина сиёсию амниятии чаҳор кишвари узв дар Ҷомеъаи Иқтисодии Осиёи Марказӣ--Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мушкилҳо рӯбарӯст. Якум, нақши ҳалкунандаи Русия ва таъсири мавқеъгирии носолими он. Дуюм идомаи низоъ дар Афғонистон ва мавҷудияти гурӯҳҳои мусаллаҳи исломӣ. Сеюм, бебарномагии худи тарафҳо ва заъфи ислоҳоти иқтисодии онҳо. Чаҳорум, бартарихоҳӣ ва худбинии минтақавии бархе аз аъзои иттиҳод, набуди иродаи мусбат ва шинохти манфиатҳои ҳамдигарӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда. Панҷум, ноҳамоҳангӣ дар муносибат ба амнияти минтақавӣ ва кӯшиши бозӣ бо қартаи қудратҳои дигар.

Бо вуҷуди ҳамаи ончи гуфта шуд, профессор Оливер Руа, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Порис, факти мулоқоти сарони кишварҳои мазкурро ҳодиса мусбат меномад, вале меафзояд, ин нишаст натиҷаҳои бузург ба миён нахоҳад овард. Ва агар ба сархатти гуфтори имрӯза бозгардем, яъне ба хабари онки Покистон мехоҳад ба Форуми Шанхай ворид гардад, метавон аз вокуниши фаврии Чин ва Ҳинд хулоса кард, ки Покистон хоста ё нахоста, ду қудрати муҳими минтақаро дар умури Осиёи Марказӣ фаъол мегардонад. Чин ва Ҳинд кишварҳое ҳастанд, ки агар давлатҳои Ҷомеъаи Иқтисодии Осиёи Марказӣ аз ҳамкорӣ бо онҳо дуруст истифода кунанд, метавонанд, таъсири куллим Русия ва ё ҳар қудрати дигарро ба ҳадди дилхоҳ пойин оварда, мувозанатеро эҷод намоянд, ки ба шукуфоии иқтисодӣ ва таҳкими истиқлолияти онҳо роҳ боз кунад.

XS
SM
MD
LG