Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва қонуни ҳаққи муаллиф



Холидаи Қодир ва Мирзои Салимпур

Помолсозии ҳаққи муаллиф дар кишварҳое, ки ба қонун эҳтиром мегузоранд, кам аст. Сабаби густариши ин амал дар Тоҷикистон ва кишварҳои гирду атрофи он, камии назорат, маълумот ва ҳам поин будани тавони харидории мардум аст.

Солҳои ахир, дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба филмҳои хориҷӣ, навори оҳангҳои ҳунармандони маъруф ва китобҳои бозоргири муаллифони кишварҳои дигар осон шуд. Барномаҳои телевизион, масалан, бо сабти сурудҳои ҳунармандони иронии муқими Лос Анҷелос ғанӣ гардидаанду филмҳои амрикоиро метавон аз телевизионҳои ҳам давлативу ҳам хусусӣ тамошо кард. Ин, албатта, барои бинандагони телевизион хуб аст. Вале дар бисёр мавридҳо чунин наворҳо ба тарви ғайриқонунӣ намоиш дода мешаванд. Тибқи қонуни ҳаққи муаллиф, касе наметавонад, ки асарҳои илмӣ, бадеӣ ва ҳунариро бе иҷозаи соҳибони онҳо истифода барад. Масъулини бахши кино, телевизону радио ва нашри китоб, студияҳои сабти наворҳо танҳо бо пардохтани пул, яъне додани ҳаққи муаллиф ҳаққи нашри китобу филму сурудро ба даст меоваранд. Вале ин қонун дар Тоҷикистон ва ҳамон тавр, дар бисёр кишварҳое, ки онҷо зиёд ба қонунҳо эҳтиром намегузоранд, помол мешавад. Ду сол қабл вақте филми маъруфи Ҳолливуд, "Тайтаник" барои нахустин бор дар кинотеатрҳои Амрико намоиш дода мешуд, хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки ин филм кайҳо ба тарви ғайриқонунӣ ба синамоҳои Ирон расида буд. Ба зудтарин фурсат, наворҳои видеоии Тайтаник, ё худ, Титаник дар фурӯшгоҳҳои Маскав пайдо шуданд. Вале помол кардани ҳаққи муаллиф ҷиноят аст ва муҷозоти қонунӣ дорад. Тавре ки дар шурӯъи гуфтори мо шунидед, дар ИМ ҷазои он панҷ соли зиндон ва ё ҷарима ба маблағи 250 ҳазор доллар аст.

Тибқи маълумоти Додситонии Тоҷикитсон дар ҷумҳурӣ барои помол кардани ҳаққи муаллиф муҷозоти зеринро муқаррар кардаанд: мусодираи моли ғайриқонунӣ, ҷарима ба маблағи баробар ба 100 то сесад маоши ҳадди аққал ва ҳабс. Барои танзими ин масъала Тоҷикистон таҳти назари Вазорати Фарҳанг Оҷонсии Ҳифзи Ҳуқуқи Муаллифро таъсис додааст.

Ҷумҳурӣ муоҳидаҳои байналмилалии ҳаққи муаллифро имзо кардааст. Тавре ки сардори оҷонсии номбурда Нӯъмон Мӯъминов мегӯяд, Тоҷикистон ҳамчунин бо баъзе кишвароҳи ҳамсоя низ қарордодҳои дифоъ аз ҳаққи муаллифро ба имзо расонидааст. Нӯъмон Мӯъминов мегӯяд, ки солҳои ахир дар телевизионҳои Тоҷикистон, агарчи истифодаи ғайриқонунии наворҳо нисбатан кам шудааст, вале ин қонуншиканиҳо ҳанӯз идома доранд ва васоли ахбори кишвар низ ба нашри мавод бидуни иҷозаи муаллиф идома медиҳанд.

Дар масъалаи истифодаи ғайриқонунии наворҳои видео, ки иттифоқан, дар Тоҷикистон хеле маъмул аст, ҷаноби Мӯъминов мегӯяд, ки контроли ин масъала мушкил аст.

Помолсозии ҳаққи муаллиф дар кишварҳое, ки ба қонун эҳтиром мегузоранд, кам аст. Сабаби густариши ин амал дар Тоҷикистон ва кишварҳои гирду атрофи он, камии назорат, маълумот ва ҳам поин будани тавони харидории мардум аст. Ҳамчунин муассисаҳои марбут на ҳамеша тавони пардохти ҳаққи муаллифро доранд.

Чаро бояд ҳаққи муаллиф риоя шавад? Дар навбати аввал, ин масъалаи этикӣ аст, эҷодкунандаи асар соҳиби ин мол аст, ва бояд барои заҳмати худ ҳақ гирад, пул гирад. Бе иҷозаи соҳиби асар гирифтани моли ӯ дар воқеъ, дуздӣ аст. Аз ин ҷост, ки Оҷонсии Ҳифзи Ҳаққи Муаллифи Тоҷикитосн ин амалро чун ҷинояти иқтисодӣ баррасӣ мекунад.

Нависандаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад мегӯяд, ки муаллиф маҳз аз ҳаққи заҳмати худ ба истилоҳ, нон мехӯрад ва набояд маҳсули кори ӯ ғорат шавад. Сарояндаи шинохта Чиллахон Холов шикоят дорад, ки оҳангҳои офаридаи ӯ ба зудӣ моли каси дигар мешаванд.

Дар ҳоле, ки дар дӯконҳо наворҳои суруди шодравон Кароматуллоҳ Қурбонов фаровон ба фурӯш мерасанд, ҳамсари ӯ Зулфия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳаргиз касе аз аҳли хонаводаи Кароматуллоҳ иҷоза нагирифта ва пуле напардохтааст.

XS
SM
MD
LG