Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Абдуллоҳи Нурӣ: Ҳузури Ҷумъаи Намангонӣ дар Тоҷикистон тасдиқ нашуд



Саидқосими Қиёмпур

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегуяд маълумоти роҷеъ ба ҳузуи Ҷумъаи Намангонӣ, яке аз раҳбарони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ва тарафдорони мусаллаҳи вай дар Тоҷикистон тасдиқ нашуд ва ахиран як ҳайати давлатӣ ба Тавилдара рафт ва дар натиҷаи ин сафар ҳам маълумоти марбут ба ҳузузри Ҷумъаи Намангонӣ ва ё тарафдорони вай дар хоки Тоҷикистон мавриди таъйид қарор нагирифт.

Як мусоҳибаи ахири Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, собиқ сарвари ИНОТ бо Радиои Озодӣ, ки бегоҳии рӯзи сешанбе пахш шуд, боиси вокунишҳои мухталифе дар расонаҳои дохиливу байнулмилалӣ шудааст. Дар мусоҳибаи мазбур, ки мавриди иқтибоси расонаҳои байнулмилалӣ низ қарор гирифт, ҷаноби Нурӣ ба ҳузур ва фаъолияти Ҷумъаи Намангонӣ, яке аз раҳбарони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва тарафдорони мусаллаҳи ӯ дар хоки Тоҷикистон ишора карда, илова намуда буд, ки онҳо бояд хоки Тоҷикистонро тарк кунанд, зеро ҳузури онҳо ба амният ва оромии Тоҷикистон халал мерасонад. Дар мусоҳибаи дуввуме, ки Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамроҳ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ ва бахши форсии радёи БИ БИ СИ кард, раиси Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, ки маълумоти ӯ роҷеъ ба ҳузуи Ҷумъаи Намангонӣ ва тарафдорони мусаллаҳи вай дар Тоҷикистон аз ахборе гирифта шуда буд, ки баъдан тасдиқ нашуд ва ҳатто пас аз пахши мусоҳибаи нахуст як ҳайати давлатӣ ба Тавилдара рафт ва дар натиҷаи ин сафар ҳам маълумоти марбут ба ҳузузри Ҷумъаи Намангонӣ ва ё тарафдорони вай дар хоки Тоҷикистон мавриди таъйид қарор нагирифт. Ҷаноби Нурӣ дар охирин мусоҳибаи худ ҳам афзуд, ки ҳузури Ҷумъаи Намангонӣ ва тарафдорони ӯ дар Тоҷикистон оромии ин кишварро халалдор мекунад ва "онҳо ҳар мушкиле ки доранд, бояд дар кишвари худ ҳал намоянд ва ба кори Тоҷикистон мудохила накунанд".

XS
SM
MD
LG